Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи густардаи Русия ба Киев дафтари Радиои Озодӣ низ осеб дидааст


Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба Киев. 28-уми августи 2025
Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба Киев. 28-уми августи 2025

Дар ҳамлаи густардаи Русия ба пойтахти Украина, ки даҳҳо нафарро кушту захмӣ кард, дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ зарар дидааст. Ҳодиса субҳи 28-уми август рӯй дод. Кормандони Радиои Озодӣ дар Киев осеб надидаанд, вале чанд тиреза шикаставу баъзе таҷҳизот хароб шудааст.

Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар баёнияе гуфт, “мутмаин бошед, ки рӯзноманигорони мо ба кори муҳими идома хоҳанд дод.”

Дафтари Радиои Озодӣ дар Киев
Дафтари Радиои Озодӣ дар Киев

Дар ин ҳамла ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо низ зарар расидааст. Раиси Шӯрои Аврупо онро маҳкум кард.

Мақомдорони Украина мегӯянд, дар ҳамлаи васеъмиқёси ҳавоии Русия ба Киев шонздаҳ нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар Телеграм навишт, ки шояд бархе то ҳол дар зери вайронаҳо ҳастанд ва эҳтимол шумораи захмиён бештар шавад.

Зеленский гуфт, “ҳамлаи имрӯзаи Русия бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин посухи рӯшан ба ҳамаи онҳоест, ки ҳафтаҳо ва моҳҳо боз ба оташбас ва дипломатия даъват мекунанд.”

“Русия дар мизи гуфтушунид мушакҳои дурпарвозро интихоб мекунад. Ба ҷойи поён додан ба ҷанг идомаи кушторро интихоб мекунад. Ин маънои онро дорад, ки Русия то ҳол аз оқибатҳои кораш намеҳаросад,” – афзуд ӯ.

Дурбинҳои шаҳри Киев лаҳзаи оғози ҳамлаи густурдаи нерӯҳои Русияро ба биноҳои маъмуриву истиқоматии пойтахти Украина сабт кардаанд. Шаҳрдори Киев аз аҳли олам даъват кард, ки фишорро болои президенти Русия Владимир Путин бештар кунанд.

Виталий Кличко гуфт, "Путин масъули ин ҷанг аст, ки оғоз намудаву намехоҳад ба поён расонад. Ӯ на танҳо Донетск, Луҳанск ва Қрим, ӯ мехоҳад тамоми кишварро ишғол кунад. Ӯ шаҳрҳоро маҳв намуда, одамонро мекушад."

Аксҳои бештар дар инҷо:

Нерӯҳои ҳавоии Украина гузориш медиҳанд, ки аз байни 598 дрон ва ё ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки аз сӯйи Русия дар саросари Украина партоб шуда буд, 563-тоаш хунсо гардид. Ҳамин гуна аз миёни 31 мушаки аз тарафи Русия партоб шуда, 26-тоаш безарар гардонида шуд.

Даря Билокон, сокини шаҳри Киев, гуфт, "ман дар хоб будам, ки садои таркиш баланд шуд. Хестаму дидам, ки панҷара ба рӯям афтид."

Тимур Ткаченко раҳбари идораи низомии шаҳри Киев мегӯяд, гурӯҳҳои наҷот дар 20 бинои маъмуриву истиқоматӣ бо рафъи хисорот машғул мебошанд.

Ин ҳамлаҳо дар замоне сурат гирифтаанд, ки мансабдорони баландпояи Украина барои дидору гуфтушунид бо намояндагони Амрико дар Ню-Йорк омода мешаванд. Иёлоти Муттаҳида хоҳони хатми пурраи ҷанги Русия дар Украина аст ва ҷонибҳоро ба гузашт ва музокирот ташвиқ дорад.

Навори дурбинҳои назоратӣ аз ҷараёни ҳамлаи Русия ба Киев
Навори дурбинҳои назоратӣ аз ҷараёни ҳамлаи Русия ба Киев
XS
SM
MD
LG