Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳама ҷо рафтам, касе додамро нашунид." Ҳафтуним миллион сомониро кӣ гирифт?


Акси Мунаввар Раҳмонова ва духтараш Фарангис Раҳмонова
Акси Мунаввар Раҳмонова ва духтараш Фарангис Раҳмонова

"Ба Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва назди муовини раиси шаҳр рафтам..." Мунаввар Раҳмонова, сокини шаҳри Ваҳдат, иддао дорад, ки мақомот як духтарашро ноодилона ба солҳои дарози зиндон маҳкум карда, дигареро дар боздошт нигоҳ медоранд, вале касе доди ӯро намешунавад.

Додгоҳ дар моҳи июни имсол Фарангис Раҳмонова, яке аз духтарони Мунаввар Раҳмоноваро ба тақаллубкорӣ ва аз худ кардани пули зиёде аз як ширкат гунаҳкор дониста, ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

Вай дар гаравхонаи "Сапфир-Ломбард" кор мекард ва бино ба ҳуҷҷати додгоҳ сухан дар бораи дуздии ҳафтуним миллион сомонӣ, муодили ҳафтсад ҳазор доллар, меравад. "Худаш мегӯяд, пулҳоро бурда месупорид. Чӣ хел ҳафтуним миллион сомонӣ нест шуду ин одам нафаҳмид?" – суол гузошт Мунаввар Раҳмонова.

Дар ҳукми додгоҳ, ки зиёда аз 100 саҳифа аст, гуфта мешавад, Фарангис Раҳмонова бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи даҳҳо нафар пул гирифта, ба коргоҳаш, шахсони алоҳида ва ташкилоти қарзӣ зарари калони молӣ расонд.

Ба нақли модараш, гаравхонаро Фарангис Раҳмонова ҳамроҳи Носир Мирзобоев (Носир Мирзо) боз кардааст. Касе, ки Мунаввар Раҳмонова "домод" ном мебарад ва иддао дорад, ки ҳоло "ӯ аз ҳамсараш қасд мегирад".

"Гуфтам, бачам, тафтиш доштӣ, ҳисобу китоб доштӣ, бин чӣ камомад аст, маслиҳати зану шавҳар аст, кӯдаки яксолаи ширхӯр дорӣ. Гуфтам, ин корро накунед. Майлаш хола гуфту баромаду рафт. Фардояш омада, шиносномаро гирифт. Духтарамро маҳкам карданд," – афзуд ӯ.

Фирӯза Таибова, вакили мудофеъ
Фирӯза Таибова, вакили мудофеъ

Вакили мудофеи Носир Мирзо, ки дар парванда ба ҳайси ҷабрдида омадааст, иддаои зану шавҳар будани зерҳимояашро бо Раҳмонова рад кард. Вай гуфт, Носир Мирзо оилаву се фарзанд дорад ва ба ҷуз аз шартномаи корӣ бо Фарангис Раҳмонова ягон робитаи дигар надошт.

Фирӯза Таибова, вакили мудофеъ гуфт: “Муносибати онҳо танҳо бар асоси шартномаи корӣ асос ёфтааст. Раҳмонова кормандаш буд ва ба сифати хазинадор дар корхонаи ӯ кор мекард.”

Ӯ дар посух ба иддаои он ки зерҳимояаш ба Раҳмонова хусумат дорад, гуфт: “Вақте Носир Мирзо ҳис кард, ки пулу молаш тасарруф мешавад, ӯ аз Раҳмонова гумонбар набуд. Ӯ намедонист, ки маҳз Раҳмонова даст ба ҷиноят задааст. Баъд аз баррасӣ дар мурофиаҳо маълум гашт, ки ин ҷиноят бо роҳбарии Раҳмонова сар задааст."

Ҳоло пойи хоҳари Фарангис Раҳмонова ҳам ба ин қазия кашида шуда, ӯро ба ҳамдастӣ дар дуздии маблағ муттаҳам медонанд. "Гуфтанд, агар гӯйӣ, ки пулро аз хоҳарам гирифтам, озод мекунем," -- Мунаввар Раҳмонова, сокини шаҳри Ваҳдат.

Дар додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ки духтари дувуми ин хонаводаро баррасӣ мекунад, барои халал нарасонидан ба тафтишот аз додани иттилоъ худдорӣ карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Модар: "Духтаронам гуноҳ надоранд." Ҷониби дигар розӣ нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Носир Мирзоро ҳамчун тоҷир ва блогер мешиносанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворҳои ӯ нашр шудаанд. Дар наворҳо ӯ аксар дар бораи роҳҳои комёбӣ дар тиҷорат ва оғози роҳи худ ҳамчун соҳибкор нақл мекунад. Дар ин бора китоб ҳам навишта будааст. Мунаввар Раҳмонова, модаре, ки ду духтараш дар пушти панҷара ҳастанд, умед доард, ки зинаҳои болоии додгоҳ адолатро барқарор хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG