Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, Вашингтон дар таъмини амнияти Украина, ки бештар аз се сол боз зери ҳуҷуми беасоси Русия қарор дорад, саҳм хоҳад гирифт. Вай ин суханро рӯзи 18-уми август дар суҳбати муҳим ва бесобиқа бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский дар Кохи Сафед баён дошт.