Раисҷумҳури Украина мегӯяд, талош мекунад дар се то чаҳор рӯзи оянда бо Доналд Трамп, президенти Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ, дидор кунад.
Владимир Зеленский рӯзи 29 август дар Киев ба хабарнигорон гуфт, ки тасмими баргузории ин нишастро пас аз он гирифтааст, ки Русия барои ҳамлаи нав дар шарқи Украина омода шудааст.
Зеленский афзуд, ки наздик ба сад ҳазор сарбози рус дар хатти пеши ҷанг дар наздикии шаҳри стратегии Покровск, ҷамъ шудаанд.
Трамп 15 август ҳангоми дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Аляска ӯро ташвиқ кард, ки бо президенти Украина сари мизи музокирот биншинад, аммо то ҳол ин нишаст баргузор нашудааст.
Ҳудуди як ҳафта пеш Трамп гуфт, ки агар ин гуфтугӯҳо анҷом нашавад, дар ду ҳафтаи оянда дар бораи гомҳои баъдии худ тасмим хоҳад гирифт.
Рӯзи 26 август Доналд Трамп ҳамчунин аз эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия сухан гуфт, аммо таъкид кард, ки ин ҷанги ҷаҳонӣ нахоҳад буд, балки ҷанги иқтисодӣ хоҳад буд.
Трамп ҳамзамон гуфт, ки Зеленский ҳам комилан бегуноҳ нест.