Пас аз як задухӯрди оммавии муҳоҷирони тоҷику узбек дар Янинои Санкт-Петербург, рӯзи 26-уми август, мақомот алайҳи муҳоҷирон рейд анҷом доданд.
Мақомоти тафтишотии рус 3 муҳоҷири тоҷики аз 22 то 26-соларо саркардагони ин занозанӣ ном бурданд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки муҳоҷирон ҳангоми занозанӣ дар баробари мушту лагад аз чӯб ҳам истифода кардаанд.
Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар додааст, ки пулис ҳама иштирокчиёни ин задухӯрди гурӯҳиро муайян ва боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ, ниҳодҳои зирабт қонунӣ будани кору зиндагии онҳоро дар Русия месанҷанд.
Феълан ба онҳо аз рӯйи моддаи "авбошӣ", парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Баъд аз ин ҳодиса, мақомоти рус бо баргузории як рейд, 30 нафар муҳоҷир аз Узбекистону Тоҷикистонро барои тафтиш ба шӯъбаи пулис бурданд.
Дар натиҷа, нисбати 14 шаҳрванди Тоҷикистон ва 9 шаҳрванди Узбекистон барои майдаавбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон зиёд иттифоқ меуфтад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар аксар мавридҳо муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гурӯҳӣ иштирок мекунанд, аз қаламрави он кишвар берун мекунад.