Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як ҷавоне, ки рӯзи 27-уми август ба кормандони пулиси Русия бо корд дарафтод, шаҳрванди Тоҷикистон нест ва хабарҳо дар ин бора асос надоранд.
Дар баёнияи вазорат, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, “муайян карда шуд, ки Шерафган Кунҷумови 26-сола зодаи вилояти Саратов ва шаҳрванди Русия мебошад.”
Расонаҳои Русия дирӯз бо нашри видеои кашмакаши сахти ин ҷавон бо кормандони пулис ва калтак хӯрдани ӯ гуфтанд, ки Шерафган Кунҷумов зодаи Тоҷикистон аст. Ин ҷавон пеш аз кашмакаш аввал ба самти мошини афсарони пулис зарфи шишагии оташгиранда андохтааст.
Ҳангоми талоши дастгир кардан, ӯ ба кормандони милиса муқовимат нишон медиҳад, вале дар ниҳоят дастгир мешавад.
Ҳодиса рӯзи 27-уми август рух додааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ба зидди ин ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷавон, ки ҳеч гоҳ шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ надошт, соли 2017 бо иттиҳоми терроризм ба 7 сол зиндон маҳкум шуда буд ва моҳи майи имсол озод шуд.
Расонаҳои Русия, ки бо муҳоҷирситезӣ мехоҳанд, мухотаб пайдо кунанд, аксаран ҳангоми ҷинояти пурсарусадо саъй мекунанд, омилони онро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.