"Барои Русия бад хоҳад буд." Трамп аз эҳтимоли "ҷанги иқтисодӣ" гуфт

Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико гуфт, агарчӣ Украина бе айб нест, мумкин аст, алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ кунанд. Доналд Трамп бо ин суханонаш эҳтимоли дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, президенти Украинаро коҳиш дод.

Вай рӯзи 26-уми август дар Кохи Сафед гуфт, "мехоҳам, ки ҷанг поён ёбад. Он чизе, ки ман дар назар дорам, бисёр-бисёр ҷиддист. Мо таҳримҳои иқтисодӣ дорем. Ин ҷанги ҷаҳонӣ нахоҳад буд, аммо ҷанги иқтисодӣ хоҳад буд."

Трамп афзуд, "ҷанги иқтисодӣ бад хоҳад буд, он барои Русия бад хоҳад буд ва ман инро намехоҳам." Президенти Амрико то ин дам алайҳи чанд кишвар аз таҳдиди таҳримҳои иқтисодӣ ё таърифаҳои баланд истифода кардааст.

Доналд Трамп рӯзи 26-уми август гуфт, "ба назари ман, дар бисёр маврид Владимир Путин ҳозир аст. Баъзан мебинӣ, ки ӯ ҳаст, вале Владимир Зеленский нест. Ман бояд ҳардуяшонро дар як вақт дошта бошам."

"Зеленский ҳам комилан бегуноҳ нест. Ҳоло бо ӯ муносибати хуб дорем, вале дигар ба Украина пул намедиҳем," – гуфт Трамп бо ишора ба як созишномае, ки тибқи он кишварҳои узви НАТО аз Амрико аслиҳа мехаранд, то дар ихтиёри Киев бигузоранд.

Ӯ инчунин ишора кард, ки эҳтимол нисбат ба Киев чораҳое андешида шаванд, вале тафсилот надод: "Ман бо Путин муносибати бисёр хуб дорам. Агар тавонам, ки ҳазорон одамро аз марг наҷот диҳам – хоҳ ба василаи таҳримҳо алайҳи Русия ва хоҳ Украина, ё ҳар каси дигар – ин кори хуб мешавад."

Вақте хабарнигорон аз Трамп пурсиданд, ки Путин мулоқоти рӯ ба рӯ бо Зеленскийро напазируфта ва Кремл “қонунӣ будан”-и раҳбари Украинаро зери суол гузоштааст, ҷавоб дод, ки “ҳеч аҳамият надорад, русҳо чӣ мегӯянд. Ҳамааш намоишкорист. Ҳамааш сафсата аст."

Русия аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳамлаи густурдааш дар хоки Украина беист идома медиҳад. Трамп рӯзи 15-уми август бо Путин дар Аляска дидору суҳбат кард ва пас аз се рӯзаш бо Зеленский ва раҳбарони баъзе кишварҳои аврупоӣ дар Вашингтон.

Вай, ки аз замони бозгашташ ба Кохи Сафед дар моҳи январи имсол барои поён додан ба ҷанг миёнравӣ мекунад, ин мулоқотро барои фишор овардан ба раҳбарони Русия ва Украина ҷиҳати дидори рӯ ба рӯ истифода кард. Раҳбарони ду кишвар аз соли 2019 то кунун бо якдигар мулоқот накардаанд.

Владимир Зеленский, ки низ барои дидор бо Путин талош дорад, рӯзи 26-уми август гуфт, Туркия, кишварҳои Халиҷ ё давлатҳои аврупоӣ метавонанд мизбони музокироти эҳтимолии онҳо бошанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳафтае пеш ба телевизиони NBC гуфт, “барномаи дидори роҳбарони Русия ва Украина ҳанӯз омода нест”.

Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Трамп, мегӯяд, ба зудӣ бо намояндагони Украина дар Ню-Йорк мулоқот хоҳад кард. “Ман ҳамин ҳафта бо украиниҳо мулоқот мекунам… ва ин як аломати муҳим аст. Мо ҳар рӯз бо русҳо гап мезанем," -- гуфт ӯ ба шабакаи Fox News.