Трамп мегӯяд, Путин ба мулоқот бо Зеленский зид нест

Владимир Зеленский (чап), Владимир Путин (байн) ва Доналд Трамп (рост). Коллаж

Президенти Русия Владимир Путин барои мулоқот бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский розӣ шудааст. Дар ин бора Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо телевизиони Fox News хабар дод.

Хабаргузории "Франс Пресс" бо такя ба ду манбаи огоҳ навишт, Владимир Путин дар суҳбати охири телефониаш бо Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки вохӯрӣ бо президенти Украина дар Маскав баргузор шавад. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, Владимир Зеленский пешниҳоди вохӯриро дар Маскав рад кардааст.

Доналд Трамп дар суҳбат бо Fox News бори дигар ба ғайриимкон будани пазируфтани Украина ба узвияти НАТО ва бозгардондани нимҷазираи ишғолшудаи Қрим таъкид кард.

Трамп гуфт, ки баъди созиш Украина заминҳои зиёдро мегирад. Ишораи ӯ зоҳиран ба сарзаминҳои Украина аст, ки аз сӯи Русия ишғол шудаанд.

Дар доираи тарҳи кафолати амниятӣ ба Украина баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва Бритониё мехоҳанд нерӯҳои худро дар Украина ҷобаҷо кунанд.

Доналд Трамп гуфт, то вақте ӯ президенти Амрико аст Вашингтон неруҳои худро ба Украина намефиристад. Маскав қаблан ба ҳаргуна мустақар кардани неруҳои хориҷӣ дар Украина мухолифат карда буд.