Ҷойе, ки раққосаҳои барҷастаи балета ва навозандагони симфонияи ин кишвар ҳанӯз аз назари ҳунарӣ арзёбӣ мешаванд ва ба хотири ҳунарашон мавриди эҳтиром қарор мегиранд.
Акнун аммо кормандони "Болшой Театр" ё "Театри Калон" бо меъёрҳои дигар баҳогузорӣ ва назорат хоҳанд шуд -- таваҷҷуҳ ва назари онҳо ба ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина.
Ин театри номдори Маскав қарордоде бо арзиши 21,6 миллион рубл (266 ҳазор доллар) имзо кардааст, то дар садҳо компютери коркунони худ нармафзори назорат, насб кунад. Нармафзоре, ки аз ҷониби ширкати Наталя Касперская барномарезӣ шудааст.
Гурӯҳи таҳқиқи Бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ("Система"), ин қарордодро дар як махзани маълумоти ҳукумати Русия кашф кардааст.
Ин нармафзор, ки "InfoWatch Traffic Monitor" ном дорад, мукотибаҳо тариқи почтаи электрониро барои ёфтани мӯҳтавое монанди фаҳшу дашном ё баҳсҳо дар бораи мудирияти театр, тафтиш мекунад.
Таҳиягарон инчунин филтрҳоеро барои муайян кардани "дидгоҳҳои сиёсӣ" ва низ алоқа ба "амалиёти вижаи низомӣ"-ро (Русия таҷовузи худ ба Украинаро чунин меномад) дар он гунҷондаанд.
Бар асоси маводи таблиғотӣ, нармафзори "InfoWatch Traffic Monitor" ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ ва замимаҳои паёмрасонҳое монанди Вотсапп, Телеграм ва вебсайтҳои пуртарафдорро назорат мекунад.
То соли 2024 дар "Театри Калон" тақрибан 1000 раққоса ва навозанда, инчунин ҳудуди 2500 корманди ёрирасон, идорӣ ва фаннӣ кор мекарданд.
Тибқи қарордод, паймонкори аслии ин тарҳ ширкате бо номи "Андек" аст. Аммо худи нармафзори "InfoWatch" тавассути ширкате ба номи Озмоишгоҳи "InfoWatch" тавсеа ёфтааст, ки мутааллиқ ба Касперская аст.
Шавҳари пешини Наталя Касперская, Евгенний Касперский барномнавис ва пешгоми фанноварӣ аст, ки нармафзори зиддивируси он дар ҳама компютерҳо дар саросари ҷаҳон мавҷуд буд, то вақте, ки иттиҳоми иртибот бо ниҳодҳои ҷосусии Русия матраҳ шуд ва Амрико истифода аз онро манъ кард.
Наталя Касперская дар солҳои 1990 ба таъсиси Озмоишгоҳи Касперский кӯмак кард ва нақши муҳиме дар муваффақияти он бозид.
Ин ҷуфт дар соли 1998 аз ҳам ҷудо шуданд.
На "Театри Калон" ва на ширкати Наталя Касперская ба дархости "Система" барои изҳори назар посух надодаанд.
"Театри Калон", ки дар соли 1776 сохта шудааст ва фақат чанд қадам дуртар аз Кремл фосила дорад, ҳамвора зери назари дақиқи ниҳодҳои амниятии Русия будааст.
Дар замони Шӯравӣ кормандони КГБ сафарҳои хориҷии ин театрро ҳамроҳӣ мекарданд, то раққосаҳо ва ҳунармандонро зери назар дошта бошанд ва монеи фирори онҳо шаванд.
Ин театр акнун зери назари дирижёри маъруф Валерий Гергиев фаъолият мекунад, ки ҳимояти ошкораш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин, боис шудааст дар бисёре аз пойтахтҳои кишварҳои ғарбӣ аз ӯ дурӣ ҷӯянд.
Валерий Гергиев Гергиев дар ин мақом Владимир Урин, мудири кулли "Болшой"-ро иваз кард, ки пас аз имзои муроҷиатнома дар соли 2022 бо изҳори мухолифат ба ҷанги Украина, аз кор ронда шуд.
Аз замони оғози ҷанги Русия алайҳи Украина дар моҳи феврали соли 2022, бисёре аз ниҳодҳои фарҳангӣ дар саросари Русия таҳти фишор қарор гирифтаанд. Мудирон ва ҳунармандоне, ки мухолифати худро бо ҷанг иброз карданд, ихроҷ шуданд ё аз имтиёзҳои давлатӣ маҳрум гаштанд.
Дар моҳи июни соли 2022 Вазорати фарҳанги Русия эълон кард, ки қарордҳо бо маркази машҳури "Гогол" дар Маскавро бекор мекунад. Марказе, ки то як сол пеш аз он зери раҳбарии коргардони синамо Кирилл Серебренников буд ва сипас барканор шуд.