Як идораи давлатии Русия машғули озмоиш ё санҷиши даҳ ҳазор наврас аст, то "раҳбарон" ва "зидди раҳбарон"-и ояндаро шиносоӣ кунад. Хато накунед, ин марбут ба дунёи романи "1984"-и Ҷорҷ Оруэлл нест, ин Русияи соли 2025 аст. Дар даврае, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, кишварашро ба ҷанги вайронгар алайҳи Украина кашонда, дар пайи саркӯби мухолифатҳост.
Ин тарҳ аз буҷаи давлат ва аз сӯйи Маркази патриотҳо ё меҳанпарастони Русия иҷро мешавад. Баъзе аз муаллимону мураббиёни мустақил барномаро башиддат танқид карданд. Яке аз онҳо ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи нав дар пайи "дасткорӣ"-и зеҳнӣ аст ва "ёдовари режимҳои коммунистӣ ва фашистӣ".
Мураббӣ Дима Зитсер гуфт, "ин талоши дигари мақомот барои контроли мардум ва таъсиргузорӣ бар тасмими онҳост."
Озмоишҳо бар рӯйи наврасони аз 12 то 17-сола дар чанд гӯшаи Русия то поёни моҳи август анҷом мешавад. Тибқи ҳуҷҷатҳои дастрасшуда, 50 нафаре, ки "парвандаи шахсиятии мусбат" доранд, барои ширкат дар семинари панҷрӯза дар Севастопол, воқеъ дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украина, интихоб хоҳанд шуд.
Бо ин ҳол, ҳатто агар ширкаткунандае парвандаи мусбат дошта бошад, ба маънои вафодорӣ ё меҳанпарастӣ нест. Дар тавсифи ин семинар омадааст, ки баргузоркунандаҳо дар пайи шиносоии "раҳбарон" ё "зидди раҳбарон" ҳастанд ва касоне, ки "идеяи меҳанпарастиро беэътибор кунанд", зуд аз барнома берун карда хоҳанд шуд.
Маркази меҳанпарастони Русия дар саҳифааш дар Телеграм навиштааст, ки ҳадафи тарҳ "дигаргунсозии нигаришҳо ба омӯзиш ва тарбияи ватанпарастонаи ҷавонон" аст. Мушаххас нест, ки дар ниҳоят ширкатдорони тарҳ ба куҷо хоҳанд расид.
Владимир Козлов, раиси ширкати "Персона" ва шарики тарҳ, аз посух додан ба суолҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Маркази меҳанпарастони Русия низ ба дархости мо ҷавоб надод. Созмонҳои дигари ҳамкор дар тарҳ дар бораи равишҳои озмоиш иттилооти бисёр маҳдуд пешниҳод карданд.
Аъзои созмони "Юнармия" ё артиши ҷавонон дар Русия, ки соли 2016 ташкил шудааст
Владимир Козлов дар изҳороте дар Телеграм гуфтааст, "бовар дорем, ки меҳанпарастӣ бо дарки нақши фард дар ояндаи кишвар оғоз мешавад. Фанновариҳои асабшиносии шахсиятии ширкати мо ба навҷавонон ёрӣ мекунад, то ин нақшро ба сурати дақиқ, огоҳона ва бо ангеза пайдо кунанд."
Як равоншиноси кӯдакон дар Маскав, ки ба далели амниятӣ номаш фош намешавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "садҳо равиши асабшиносии шахсиятӣ вуҷуд дорад, ки қобили эътимод будани онҳо исбот шудааст. Ин равишҳо шомили пурсишномаҳо ва тестҳои Роршах мешаванд."
Ин равоншинос афзуд, "ин санҷишҳо метавонанд иттилооти зиёде дар бораи як фард бидиҳанд. Масалан, оё тавоноии раҳбарӣ дорад ё на, то чӣ ҳад мутеъ аст, оё бо садоқат суҳбат мекунад ё фақат чизеро мегӯяд, ки фикр мекунад дигарон шунидан мехоҳанд. Пурсиши аслӣ ин аст, ки ин додаҳо чӣ гуна ва бо чӣ ҳадаф истифода мешаванд."
Дима Зитсер бо ин дидгоҳ мухолиф аст. Вай мегӯяд, "асабшиносии шахсиятӣ шибҳиилм аст" ва талошҳоро барои шиносоии раҳбарони билқувва ё ҳидояти навҷавонон ба самти ҳирфа ё масири хос дар зиндагӣ "дасткорӣ" медонад. "Барои давлат бисёр осон аст, ки ба як навраси 12-сола зарбае бизанад, то ӯ дар масири таъйиншуда то поёни умраш ҳаракат кунад," – афзуд ӯ.
Зитсер ба ин бовар аст, ки давлат бояд баръакси ин кор кунад, яъне то ҳадди мумкин масирҳои гуногунро ба рӯйи наврасон боз намояд. Ӯ афзуд: "Вазифаи низоми омӯзишӣ ин аст, ки мутмаин шавад доираи васеи истеъдодҳо имкони баруз доранд. Аммо интихоби масири зиндагӣ бояд бар уҳдаи худи фард бошад. Ин асл, бунёни тафаккури интиқодӣ аст."
Бо вуҷуди ин ки Владимир Путин аз соли 1999 то кунун раисҷумҳур – сарвазир – раисҷумҳури Русия аст, Кремл ба рӯшанӣ нишон дода, ки алоқае ба парвариши тафаккури интиқодӣ надорад. Путин аз замоне ки дар соли 2012 ба раёсатҷумҳурӣ бозгашт, талошро барои саркӯби мухолифатҳо ва хомӯш кардани садоҳои мустақил сахттар кард ва ин саркӯб аз оғози ҳамлаи густурда ба Украина дар соли 2022 суръати бештаре гирифтааст.
Давлати Русия аз солҳои аввали раҳбарии Путин дар талош будааст, то ҳисси ватанпарастиро дар кӯдакон тақвият кунад. Мунтақидон мегӯянд, давлат бо абзорҳое монанди китобҳои таърих ва дарсҳое бо мавзӯи низомӣ кӯшиш кардааст, ҷавононро водор кунад, ки ривоятҳои геополитикии Кремлро бипазиранд ва аз ҷанг алайҳи Украина ҳимоят кунанд.