Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми август аз мақомот хостааст, ки талошҳоро барои ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" суръат бахшанд, чун ақиб мондани кор дар як бахш метавонад иҷрои тамоми тарҳро ба таъхир андозад.
Рӯзе пештар аз ин, "Независимая Газета", яке аз нашрияҳои Русия, навишт, ки ояндаи нерӯгоҳи азими "Роғун" таҳти суол қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллиф, Виктория Панфилова, баъзе аз сармоягузорони асосии нерӯгоҳ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ба сабаби иҷро нашудани бархе талабот ҷудо кардани пулро ба таъхир андохтанд.
Дар мақола ҳеч шарҳу назаре аз Бонки Ҷаҳонӣ наоварда, фақат гуфтаанд, сабаб шикояти баъзе аз созмонҳои зистмуҳитӣ аст, ки ба иддаои онҳо сохтмони "Роғун" барои кишварҳои поёноб дар Осиёи Марказӣ хатарҳои ҷиддӣ дорад. Дар гузашта ҳамин масъала сабаби ҷанҷолҳои сахт байни Узбекистону Тоҷикистон шуда буд, вале ин моҷароҳо пушти сар шуда, ду кишвар ҳатто дар бораи фурӯши нерӯи барқ ба Узбекистон созишнома имзо кардаанд.
Дар ҳар сурат, аз суханронронии раисҷумҳур бармеояд, ки зоҳиран ҷалби маблағҳо кундтар шудааст. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлати таъйиншуда ба истифода додани иқтидорҳои навбатии нерӯгоҳ ва ҳарчи зудтар дастрасӣ пайдо кардан ба маблағгузорӣ ба масъулин дар умум 16 супориш додааст.
Яке аз онҳо маҳз дар бораи ҷалби сармоя аст ва бахусус ба Вазорати молия ва идораҳои дигари давлатӣ, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молӣ ва маблағгузоронро густариш бахшида, барои ҳарчи зудтар дастрас кардани пулҳои пешбиникардаи онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Бонки Ҷаҳонӣ дар охири соли 2024 барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" 350 миллион доллар ёрии бебозгашт ихтисос дод, вале акнун гуфта мешавад, аз ҳукумат хостааст, як барномаи коромади бозгарондани қарзҳоро пешниҳод кунад. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест.
Дар умум барои сохтмони "Роғун", ки баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт, тақрибан 6 миллиарду 300 миллион доллар зарур мешавад ва ҳукумат чунин пуле надорад.
То кунун бонкҳои азими байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва ниҳодҳои дигари байнулмилалӣ ҳам изҳори омодагӣ кардаанд, ки барои сохтмони “Роғун” пул медиҳанд. Маълум нест, ки миллиард ё садҳо миллион доллари ваъдагии ин муассисаҳо ба дасти ҳукумат кай мерасанд.
Айни замон ду чархаи нерӯгоҳ бештар аз 9 миллиард киловат соат нерӯи барқ бо арзиши бештар аз 200 миллион доллар истеҳсол кардаанд. Қарор аст, ки чархаи чаҳоруми нерӯгоҳро то моҳи сентябри соли 2027 ба кор андозанд.
Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳмон хостааст, барои “Роғун” ҳарчӣ зудтар пул ёбанд