Қурбони Собир ба ҷойи Шоҳиён. Бозигари нақши Ҷомиро дигар кардаанд

Қурбони Собир, ҳунарманди маъруфи тоҷик. Акс аз Фейсбук

Пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иҷрои нақши шоиру донишманди форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомиро дар филми "Дурахши ахтарон" аз Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси "Тоҷикфилм" гирифта, ба ҳунарманди шинохта Қурбони Собир додаанд. Хабарро ду манбаи огоҳ рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Филми "Дурахши ахтарон" аз тарафи ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон сабт мешавад ва дар бораи дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ бо шоири узбек Алишери Навоист.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, таҳиягарони филм рӯзи сешанбе ба Қурбони Собир хабар додаанд, ки барои тамрин ҳозир шавад. Қурбони Собир, ҳунарманди театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аст ва дар филму намоишномаҳои зиёде нақш бозидааст.

“Аз оғози интихоби ҳунармандон Қурбони Собир яке аз довталабон барои иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Вале баъд аз додани нақши Ҷомӣ ба Маҳмадсаид Шоҳиён танқидҳо дар ҷомеа зиёд шуд ва дар сатҳи ҳукумат тасмим гирифтанд, ки нақшро ба Қурбони Собир бидиҳанд,” -- гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, аллакай чанд лаҳзаи филм бо ҳузури Маҳсадсаид Шоҳиён сабт шудааст ва барои ҳамин ин саҳнаҳо аз нав сабт карда мешаванд.

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм”, рӯзи 25-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нахост дар ин бора суҳбат кунад.

Файзуллои Файз, яке аз коргардонҳои филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” низ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ варзид.

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи "Тоҷикфилм"

Тасмими ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм”, додани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, шоиру донишманди асри понздаҳ, дар як филми муштарак бо Узбекистон (Ҷомӣ ва Навоӣ) баҳс барангехт.

Даҳҳо нафар дар зери як матлаби Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштаанд, ки ҳарчанд Шоҳиён “ҳунарманди хуб аст”, чеҳраву ҷуссааш “бо нақш созгор нест”. Маҳмадсаид Шоҳиён дар филми "Ашк ва шамшер" ва "Дар орзуи падар" нақш бозида, дар гузашта мудири телевизиони “Сафина”, раиси Кумитаи телевизион ва радио буд ва ҳоло раиси идораи “Тоҷикфилм” аст.

Пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар Душанбе

Сабти филми Ҷомӣ ва Навоӣ рӯзи якуми август, баъд аз чор соли дастури роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Намояндагони идораи "Тоҷикфилм" хабар доданд, ки филмро дар моҳҳои август - ноябр дар ду марҳила ва дар Тоҷикистону Узбекистон ба навор мегиарнд. Дар Тоҷикистон қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор ва Хуҷанд ҳамчун макони сабт интихоб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ин филмро василае барои нишон додани дӯстии шоирони классики тоҷику узбек, Абураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, медонанд, вале мунтақидон "сиёсӣ, идеологӣ ва холӣ аз накӯҳиши ҳокимон”. Як манбаи огоҳ гуфт, “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба эҳтимоли зиёд бо забони русӣ сабт ва сипас ба тоҷикӣ ва узбекӣ тарҷума хоҳад шуд. Ҳанӯз маълум нест, филм кай намоиш дода мешавад.