"Ҳоло моҳичаҳоро доштаанд." Пули барқро мардум намедиҳанд ё нозирон аз худ мекунанд?

Аз бойгонӣ

"Аз сӣ парванда ҳаждаҳтояш нисбат ба кормандони шабакаҳои тақсими барқ аст, дувоздаҳ парванда нисбат ба шаҳрвандон." Муҳаммадалӣ Пардазода, намояндаи Додситонии вилояти Суғд, қазияҳои вобаста ба дуздӣ ва азхудкунии пули барқро дар минтақа чунин баршумурд.

Ӯ ва ҳамкоронаш дар оғози моҳи август дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, дар шаш моҳи имсол беш аз нуҳсад касро ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашиданд. Дар аксар ҳолат кормандони шабакаҳои тақсими барқ даст доштаанд.

Фурқат Хоҷазода

"Бойматов, сардори шабакаи тақсими барқ дар ноҳияи Спитамен; Бобоҷонов, сардори шуъбаи ҳамин идора. Ҳамчунин шахсони мансабдор ба воситаи нозирони барқ Ризоев ва дигарон барои сабтиноми муштариёни нав ва пӯшондани қонунвайронкунӣ аз соҳибкорон Аҳмедов ва дигарон пул гирифта, байни худ тақсим кардаанд," – гузориш дод Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд. Мавқеи гумонзадҳо маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз мардумро гунаҳкор мекарданд, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро дуруст пардохт намекунанд ё онро бидуни ҳисобкунак истифода бурда, ба хазинаи давлат зарар мерасонанд. Сокинон, баръакс, мегуфтанд, ки ҳар моҳ нозирон пули барқро аз онҳо меситонанд, вагарна бе гармиву рӯшноӣ хоҳанд монд.

Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ҳам дар ним сол шаш мавриди азхудкунии пули барқро ошкор кардааст. Сафар Салимзода, сардори ин идора гуфт: “Сарнозири шабакаҳои тақсими барқи Исфара Аҳлиддин Нуров бо сардори Маркази савдои “Амид”-и Исфара Хайрулло Ризоев дар соли 2024 ҳаққи истифодаи пули барқро надодаанд. 219 ҳазору 208 сомонӣ. Парванда боз шуд.”

Ба гуфтаи Салимзода, парванда барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст, аммо мавқеи гумонбарон маълум нест. Хабарнигорон пас аз шунидани ин суханҳо мавзуъро аз намояндагони Идораи барқ пурсиданд.

“Дар ҳисобу китоби барқ камбудӣ нест”

Ҳусейн Юлдошев, намояндаи Шабакаи тақсими барқ дар Истаравшан, гуфт, “ҳозир тафтишот ҷараён дорад, то замоне ки ба охир нарасад, посух дода наметавонем.” Баъзе аз масъулони дигари соҳа рақамӣ шудани низомро боис ба кам шудани қонуншиканӣ ва дуздии барқ донистанд.

Муҳиддин Аҳмадзода, раиси шабакаҳои барқи Суғд, гуфт: “Дар ҳисобу китоби барқ дастрасии кормандон ё аз тарафи кормандон ягон хел камбудӣ кардан дар мо нест, умуман нест. Фақат ҳолатҳои техникӣ шуданаш мумкин.”

Ин раддубадалҳо дар ҳолест, ки баҳори имсол бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндон таъйин карданд. Баъди ин масъулони ҳукумат эътироф карданд, ки дар муассисаҳои тақсими барқ ришвахории зиёд, тасарруфи пули муштариён, дасткории системаҳои биллингии пардохти нерӯи барқ вуҷуд дорад.

Файзулло Фатҳуллоев

Коршиносон мегӯянд, ин оғози кор аст ва мақомот дар оянда бояд ба таври воқеитар ба ошкоркунии ҷиноят иқдом кунанд. “Ҳоло моҳичаҳоро қапидаанд, қапидани наҳангҳо дар пеш аст. Фикр мекунам, он қадар душвор нест. Агар ба корхонаи истеҳсолии онҳо барои тафтишот раванд. Ҳамон корхонаҳое, ки дар ҳақиқат ноқилҳои алоҳида кашидаанд ва ба корҳои ғайриқонуниву ҷиноят даст задаанд,” – шарҳ дод Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ.

Тоҷикистон солҳо боз бо мушкили таъмини нерӯи барқ рӯбарӯст. Вале маълум нест то куҷо таъқиби ҷиноии шаҳрвандон барои дуздии барқ ва ё азхудкунии пули он барои сабуктар шудани ин мушкил мусоидат мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳодисаҳои дуздии нерӯйи барқ дар вилояти Суғд таҳқиқ мешаванд