"Ҳатто пӯшакҳоро мепартоянд." Партови назди як гузаргоҳи марзӣ аз куҷост?

Назди гузаргоҳи Фотеҳобод

"Ҳатто памперс (пӯшак)-ҳоро мепартоянд. Одамон тозагиро риоя намекунанд. Нӯшобаи энержизоро мехӯранд, қуттияшро мепартоянд. Ҳама партовҳо дар қади роҳ аст."

Равшан тамизкор аст ва як сол боз дар наздикии гузаргоҳи Фотеҳобод, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ба ҷамъоварии зуболаҳои пластикӣ ва партовҳо машғул аст. Вай мегӯяд, дар як рӯз се бор атрофро тоза мекунад, аммо партовҳо рӯз аз рӯз бештар мешаванд.

Ин вазъ мақомоти як ноҳияи наздимарзии вилояти Суғдро ба ташвиш овардааст. Сайфиддин Сангинов, мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ, гуфт, "барои ҷамъоварии партовҳо қуттӣ мондем, мушкил бартараф нашуд. Пас аз он барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ қуттӣ гузоштем. Боз мушкил ҳал нашуд. Ҳоло огоҳӣ насб карда, дурбинҳои назоратӣ гузоштем.”

Мушкили асосии ифлос шудани роҳу ҷӯйборҳо, ба гуфтаи ин масъули ҳифзи муҳити зист, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт ва дар ҷои муайяншуда напартофтани зуболаҳост. Дар рӯзи аввали насби дурбинҳои назоратӣ чанд маврид сабт ва сабабгорон ҷазо дода шудаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Суғд: Чаро партовҳои назди як гузаргоҳи марзӣ кам намешавад?

Ин масъала дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Мастчоҳ низ боис ба асабоният ва такрор ба такрор зикр кардани ин мушкилот буд. Аъзам Ализода, раиси ноҳия, дар ин кор асосан боркашҳои байнулмилалиро сабабгор донист ва дастур дод, ки огоҳӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ нашр ва ба ҳама ронандаҳо ва мусофирон тақсим карда шавад.

“Ҳамаи ин корро ронандагони Камазҳо мекунанд. Мусофироне, ки пиёда мегузаранд, дар ҷойҳои махсус мепартоянд. Мисли кӯдаконе, ки дар памперс мекунанду модаронашон мепартоянд, мо маҷбур рафта тоза мекунем. Ба мо алам мекунад ва баъзе вақт рӯирост мегӯем,” – афзуд ӯ.

Барои назорати вазъ дурбини назоратӣ насб кардаанд

Дар ҳамин ҳол, ягон ронандаи боркаш дар наздикии гурагоҳи “Фотеҳобод” омода нашуд, ки дар назди дурбин ин масъаларо шарҳ диҳад. Бархе аз онҳо дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, ки бинобар пулакӣ будани ҳоҷатхона дар таваққуфгоҳ ва бебандубориву интизориҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳ чунин ҳолатҳо ба вуҷуд меояд.

Аъзам Ализода гуфт: “Ширкатҳое, ки ба онҳо хидмат мерасонанд, ақалан бо корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии мо шартнома намебанданд. Дар як моҳ ҳамагӣ 2 ҳазор сомонӣ будааст. Лекин азобаш дар сари мо аст. Як сайёҳ меояду ҳамаи инро ба номи мо мекунад, ҳарчанд ба коми дигарон аст.”

Назари масъулони таваққуфгоҳи “Тоҷиквнештранс” дар наздикии гузаргоҳ ба ин масъала маълум нест ва ҳангоми сабти гузориш ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, наворгирии ин минтақа манъ аст.

Назди гузаргоҳи Фотеҳобод

Бо вуҷуди он ки гузаргоҳ нуқтаи охирини роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ аст, масъулияти тозагии муҳити атроф ба дӯши кист, норӯшан мемонад.

Гузаргоҳи Фотеҳободи Тоҷикистон бо Ойбеки Узбекистон, яке аз пурравуотарин масир байни тақрибан 15 гузаргоҳ байни ду кишвар дониста мешавад. Мусофирони инҷо қаблан аз пулситонии низомиён ва ронандагони боркаш аз гарон шудани гузарнома шикоят доштанд, ки баъдан то ҷое ҳалли хешро пайдо кард.

Ҳамакнун мақомоти маҳаллӣ умед доранд, ки расонаӣ шудани олудагиҳои муҳити атроф шояд бархеро ба эҳтиёткорӣ ва масъулиятшиносӣ водор кунад.