Мақомоти пулис дар Эрон хабар доданд, ки дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 22 август ба ду гашти интизомӣ дар постгоҳи "Доман" дар Эроншаҳри вилояти Систон ва Балучистон, панҷ маъмури интизомӣ кушта шуданд.
Тибқи гузоришҳо, мошинҳои кормандони пулис дар роҳи минтақаи Хош ба Эроншаҳр мавриди ҳамлаи қарор гирифтанд. Ҳамлаварон аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.
Чанд соат баъд аз ин ҳодиса, гурӯҳи "Ҷайш-ул-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт ва иддао кард, ки бо ҳамла ба маъмурони интизомӣ, силоҳҳои онҳоро "ғанимат" гирифтааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки ҳамаи касонеро, ки савори ин ду мошини нерӯҳои интизомӣ буданд, куштааст.
"Ҷайш-ул-Адл", ки аз сӯи Эрон ва Амрико созмони террористӣ шинохта шудааст, иддао мекунад, ки барои ҳуқуқи ақалияти балуч бо Эрон мубориза мекунад.
Ин гурӯҳ то кунун борҳо бо нерӯҳои Сипоҳ ва марзбонони Эрон дар вилояти Систон ва Балучистон даргир шуда ва шуморе аз онҳоро гаравгон гирифта ё ба қатл расондааст.
Ин гурӯҳ рӯзи 26 июли имсол ба бинои Додгоҳи вилояти Систон ва Балучистон дар шаҳри Зоҳидон ҳамла кард ва 6 танро кушта ва 22 нафари дигарро захмӣ намуд.