Вебсайти "Pamir Inside", ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, аз марги як фаъоли дигари бадахшонӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон хабар дод. Ин расона рӯзи 24-уми август бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки Боғшо Иматшоеви 67-сола ҳанӯз моҳи феврали имсол даргузашта, хабари маргаш нав дастрас шудааст.
Ба навиштаи "Pamir Inside", Боғшо Иматшоев соли 2023 баъди бозгашт аз Русия дастгир ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ба шаш сол ҳабс маҳкум шуда буд. Ӯро дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоштанд.
Манбаъҳои расона гуфтаанд, ки вазъи саломати Иматшоев рӯзи 26-уми январи имсол бад шуда, тақрибан як моҳ дар ҳолати беҳушӣ дар Бемористони вилояти Суғд буд ва дар ҳамон ҷо ҷон дод. Мақомот хабарро шарҳ надодаанд.
Дар ҳашт моҳи охир хабари марги панҷ фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар маҳбасҳои Тоҷикистон расонаӣ гашт. Аз ин пеш дар бораи марги Қулмамад Паллаев, Аслан Гулобов, Музаффар Давлатмиров ва Эроншо Мамадраҳимов гузориш расида буд. Онҳо дар соли 2022 ва пас аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Рӯшону Хоруғ дастгир ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуда буданд. Мақомот онҳоро ба терроризму ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд, вале наздиконашон хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.
Хабари марги Боғшо Иматшоев дар ҳоле нашр шуд, ки пештар ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар марги зодагони Вилояти Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда, аз мақомот хоста буданд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар изҳороти худ шароити номуносиби боздоштгоҳҳо, адами дастрасӣ ба ёрии пизишкӣ ва марги дастгиршудаҳоро аз мушкилиҳои идомадор дар Тоҷикистон номбар кардаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон моҳи августи имсол гуфт, ки ба ҳама маҳбусони бемор дар зиндонҳои кишвар ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Дарёфти иттилои алтернативӣ аз вазъи зиндониён дар Тоҷикистон хеле мушкил аст. Хабарнигорони мустақил имкони боздид аз зиндонҳоро надоранд.