Падари як наврасро бо гуноҳи беэътиноӣ ба тарбияи ӯ ҷазо доданд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд падари як навраси 11-соларо бо гуноҳи беэътиноӣ ба таълиму тарбияи ӯ ҷарима баст.

Дар ҳукми додгоҳ аз рӯзи 13-уми август омадааст, ки ин наврас рӯзи 8-уми июн ҳангоми моҷаро ба сари ҳамсинфаш ба санг зада, ӯро маҷрӯҳ кардааст.

Додгоҳ номи наврасонро ошкор накарда, фақат гуфтааст, ки ҳарду дар мактаби миёнаи рақами 14 дар шаҳри Гулистон таҳсил мекардаанд.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, волидон вазифадоранд, ки аз ҷумла аз “рафтори дағалонаи фарзанд дар кӯча, истифодаи суханҳои қабеҳ, халалдор кардани оромии ҷомеа” пешгирӣ намоянд.

Додгоҳи шаҳри Гулистон гуфтааст, азбаски беназорат гузоштани наврас сабаби “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахси дигар шуд” падари кӯдакро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1500 сомонӣ ва ё тақрибан 150 доллар ҷарима баст.

Ба гуфтаи масъулони додгоҳ, падари наврас гуё ба гуноҳаш иқрор шудааст, вале назари худи ӯ дастрас нест.

Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки соли 2011 қабул шуд, дар Тоҷикистон баҳси зиёдеро барангехт ва то кунун чанд дафъа ислоҳ шудааст.