Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз таълими ғайриқонунии динӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ аз таълими ғайриқонунии динӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши расонаҳои расмӣ, шаҳрдори Душанбе 19-уми август дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо гуфтааст, 80 дарсади онҳое, ки ғайриқонунӣ таълими динӣ гирифтаанд, ҷавонони то 30-сола мебошанд.

Аммо дар иттилоияи расмӣ шумораи ин афрод зикр нашудааст ва ҳам гуфта нашудааст, ки барои ғайриқонунӣ таълими динӣ додан чанд кас ҷазо гирифт.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, гирифтани таълими динӣ танҳо дар муассисаҳои расмӣ ва назди волидайн иҷозат аст.

Дар Тоҷикистон гирифтани таълими расмии динӣ танҳо дар Донишкадаи исломӣ дар Душанбе имконпазир аст, ки шумораи донишҷӯёни он ҳам кам аст. Тақрибан ҳамаи мадрасаҳое, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо фаъол буданд, солҳо пеш бо далели иҷоза нагирифтан аз Вазорати маориф, баста шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд. Аммо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон борҳо ин гуна танқидҳоро рад карда, гуфтаанд, озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар таъмин аст.

Хабарнигорон борҳо дар нишастҳои хабарии Кумитаи дин ва танзими анъана пурсиданд, ки вақте ҳама мактабҳои динӣ ё ба истилоҳ мадрасаҳо баста шудаанд, мардум дар куҷо расман таълими динӣ гиранд? Посухи намояндагони Кумитаи дин ба ин суол норӯшан будааст.