"Аз ҳисоби давлат, на бемор." Мухолифон ва ҷонибдорони чойпулӣ барои табибон

Дар Қирғизистон як пешниҳод дар бораи “чойпулии қонунӣ” ба пизишкон ё табибон баҳси зиёдеро барангехт. Яке аз вазирон гуфтааст, азбаски мардум ба кормандони тиб бо изҳори қадрдонӣ барои муолиҷа чойпулӣ медиҳанд, чаро онро қонунӣ накунанд. Айни замон ин кор ғайриқонунӣ аст ва ба навъе ришва ё пора ба ҳисоб меравад, ки барои он ҷазо ҳам таъйин шудааст.

Пешниҳоди қонунӣ кардани чойпулии пизишконро Аёз Байотов, вазири адлияи Қирғизистон, дар миён гузошт. Ӯ дар як канали ҳукуматӣ дар Телеграм навишт, “агар ба пешхидмат чойпулӣ диҳанд, кори хуб аст, вале додани чойпулӣ ба табиб ришва ҳисоб мешавад ва ин нодуруст аст.”

Матбуоти Қирғизистон ин пешниҳодро чойпулӣ ба пизишкон номид ва бисёре аз онҳо нороҳат шудаанд. Вазир баъдан гуфт, беморон аксаран бо додани пул ба табибон кори онҳоро қадрдонӣ мекунанд, ки аз назари қонун ришва додан аст.

Аёз Баётов, вазири адлияи Қирғизистон, гуфт: “Пардохти иловагии ихтиёрӣ метавонад шаффоф бошад, зери назорат ва пардохт дар хазина ва баъди анҷоми кор. Бояд пули зиёд ва бемеъёр набошад. Роҳҳои пешгирӣ аз тиҷорат кардани ин таҷриба, аз ҷумла имзои варақаи пардохти ихтиёрӣ ҳам баррасӣ шуд.”

Пешниҳоди Баётовро вазири тандурустиии Қирғизистон Эркин Чечейбоев дастгирӣ кардааст. Ба бовари вай, пардохтҳои ғайрирасмӣ ё ҳамон чойпулӣ барои қадрдонии кори пизишк ҳамеша буд ва хоҳад монд. Аммо ба гуфтаи вазир, ин қадрдонӣ бояд расмӣ сабт шавад ва на инки оҳиста ба ҷайби табиб андозанд.

"Агар бемор аз табибон сипосгузор аст, метавонад, бидиҳад, аммо ҳатмӣ нест. Гоҳе суханони самимии изҳори сипос ба табиб кофист. Чунин равиш метавонад, ба он мусоидат кунад, ки табибон ба корашон содиқ монанд ва онро идома диҳанд,” – гуфт вазири тандурустии Қирғизистон Эркин Чечейбоев.

Вале Одил Байсалов, муовини сарвазири Қирғизистон, пешниҳоди мазкурро танқид кард. Ӯ гуфт, ки вазирон андешаҳои хусусии худро гуфтаанд ва он мавқеи тамоми девони вазирон нест. Ба қавли Байсалов, ҳукумат солҳои наздик музди кормандони соҳаи тандурустиро зиёд мекунад.

Вай афзуд: "Муқоисаи чойпулӣ ба пешхидмат барои тамоми табибон таҳқиромез маҳсуб мешавад. Талош барои қонунӣ кардани ин кор аз гузашта омадааст. Мо набояд аз паси қонунӣ кардани як расми бади "осиёӣ" бошем, балки бояд бар асоси Қонуни асосӣ ҳадафмандона кишвари иҷтимоӣ бисозем ва тибби худро ба самти болотарин меъёрҳои ахлоқӣ равона созем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Чойпулӣ”-и табибон дар Қирғизистон ҷанҷолӣ шуд

Пешниҳоди қонунӣ кардани чойпулии пизишкон ба бисёре аз онҳо хуш наомадааст. Онҳо гуфтаанд, ки тиб коре нест, ки фақат барои пул анҷом мешавад. Дигарӣ гуфтааст, ки бо чунин пешниҳод табибонро таҳқир кардаанд, ки гуё дар шифохона бепул касеро муолиҷа намекунанд.

Владимир Пак, пизишки гӯшу гӯлуву бинӣ 11 сол боз дар шифохонаҳои давлатӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар вақт агар хостанд, чойпулиро ришва мегӯянд ва агар ин пешниҳод қабул шавад, табибон ҳам метавонанд аз он суистифода кунанд.

"Метавонад чунин шавад, ки агар табиб барои коре чойпулӣ нагирад, дуруст муолиҷа намекунад. Баъди ин ҳар бемор бояд пул диҳад ва табиб ҳаққи муайяни қадрдонӣ талаб мекунад, масалан 500 сом ё 1000 сом барои муолиҷа. Агар бемор ин пулро надиҳад, муолиҷаи дуруст намегирад," – шарҳ дод ӯ.

Ҳамаи ин баҳсҳо ба ин хулоса расидаанд, ки дар Қирғизистон бояд музди кори пизишконро зиёд кард, аммо аз буҷаи давлат, на аз ҷайби бемор. Айни замон музди миёнаи табибон дар шифохонаҳои давлатии Қирғизистон тақрибан 260 доллар аст.