"Моро дар утоқи пуродам ва бе тиреза дар Фурудгоҳи Жуковский маҳкам карданд"

Тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ баъд аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус" дар соли 2024 бештар шуд

Баъзе аз зодагони Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки бадрафтории мақомоти интизомии Русия бо онҳо ҳанӯз кам нашудааст.

"Ба ҷои Ёрии фаврӣ афсарро даъват кард"

Як зан аз вилояти Уш, ҷануби Қирғизистон, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, пулиси Русия ӯро дар аввали моҳи август дар Фурудгоҳи "Жуковский”-и Маскав дар як ҳуҷраи серодам нигоҳ дошт ва таҳқиру таҳдид кард. Ин зан нахост номаш фош шавад.

Ӯ, ки либоси исломӣ ба бар мекунад, гуфт, пулис чаро ҳиҷоб пӯшиданашро пурсид ва сипас ба тамошои наворҳои мазмунашон ифротӣ дар телефон муттаҳам кард.

“Онҳо ман ва занони дигарро дар як утоқи пуродам ва бе тиреза маҳкам карданд. Дар дохили он чанд кати оҳанӣ буд. Ба мо фақат шӯрбои муҳлаташ гузаштаро доданд", - нақл кард зан.

Вай афзуд: "Яке аз занҳо бемор шуд, дарро задем, то Ёрии фавриро даъват кунанд. Афсар ба ҷойи ин як ҳамкори худашро овард, ки дар даст электрошокер дошт. Ӯ электрошокерро барои тарсондан ва таҳдид кардан ба муҳоҷирон истифода кард.”

Ҳоло ин зан бидуни ягон шарҳ аз қаламрави Русия берун карда шудааст.

"Гуфтем, билетро худамон мегирем, иҷоза надоданд"

Ҳафтае пеш даҳҳо муҳоҷири тоҷик низ шикоят карданд, ки дар Фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав дар як утоқи тангу кӯчак нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо гуфтанд, мақомоти Русия қарори ихроҷашонро бароварда, аммо на худашон ба Тоҷикистон мефиристанд ва на мегузоранд, ки муҳоҷирон аз пули худ билет гиранду ба ватан баргарданд.

Радиои Озодӣ наворе дастрас кард, ки даҳҳо мард дар дохили як утоқ ва дар канори катҳои оҳанӣ истодаанд. Тиреза ё дастгоҳи ҳавокашӣ нест. Баъзе мардон дар болои кат ё рӯйи фарши бетонӣ хобида, бархе барои нишастан ҷойи кофӣ надоранд.

Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “даҳ рӯз мешавад, дар ин ҷо ҳастам. Дар як рӯз як бор шӯрбо медиҳанд, чизи дигаре нест". Вай бе зикри номаш афзуд, дар ин ҳуҷра ҳудуди 75 нафар ҳастанд.

“Дар байни мо марде ҳаст, ки аз бемории дил азоб мекашад. Ба мақомоти Русия гуфтем, ки худамон билети бозгаштро мехарем. Моро дар ин ҷо нигоҳ дошта, намегузоранд, ки ба Тоҷикистон баргардем," -- афзуд ӯ. Шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз содир шудани ҳукми ихроҷ аз сӯи додгоҳҳои Русия ба фурудгоҳ оварда шуданд.

Яке аз амалиёти зидди муҳоҷирон дар Маскав

Мақомоти Русия нигоҳ доштани муҳоҷиронро дар фурудгоҳ шарҳ надоданд. Аммо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар дод, ки дар шаш моҳи ававли имсол ихроҷи хориҷиёне, ки ба поймоли қоидаҳои будубош муттаҳам мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум ҳабдаҳ дарсад афзудааст. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки додани иҷозаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ дар соли ҷорӣ зиёда аз 30 дарсад кам шуд.

Мақомоти Русия нагуфтанд, ки онҳо шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд. Дар пайи ҳамлаи маргбори террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл” дар моҳи марти соли 2024 дар канори Маскав бештар зодагони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикону узбекҳо ва қирғизҳо, ҳадафи боздошту ихроҷ ва бадрафторӣии пулиси Русия ва нерӯҳои амниятии ин кишвар қарор гирифтаанд.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли охир бо нашри чанд баёния аз боздошти шаҳрвандони худ дар Русия изҳори нигаронӣ карда, аммо ба ҷуз ин чораи дигаре надидаанд. Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ аст, ки таъмини хонаводаҳояшон аз пули фиристодаи онҳо сахт вобаста аст.