“Чойпулӣ”-и табибон дар Қирғизистон ҷанҷолӣ шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Қирғизистон як пешниҳод дар бораи “чойпулии қонунӣ” ба табибон баҳси зиёд барангехт. Яке аз вазирон гуфт, азбаски мардум ба табибон барои муолиҷа чойпулӣ медиҳанд, чаро онро қонунӣ накунанд. Ин кор дар асл ғайриқонунист ва ба навъе ришва ба ҳисоб меравад, ки барои он ҷазо таъйин шудааст.