Хоҳарзодаи Рамазон Қодиров чӣ гуна аз ҷавобгарӣ халос шуд?

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон (рост) бо хоҳарзодааш Ёсин Закриев (рост)

Ёсин Закриев, хоҳарзодаи раҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия, ки сабабгори як садамаи маргбор дар шаҳри Грозний мебошад, аз ҷавобгарӣ халос шудааст.

“Мемориал”, маркази ҳифзи ҳуқуқи башар, аз қавли гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Чеченистон овардааст, ки Закриев писари Зулай, хоҳари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон буда, вазифаи раиси Палатаи ҳисоби ин ҷумҳурии Қафқози шимолиро бар уҳда дорад.

Ба навиштаи "Мемориал", мошини зери назорати Закриев рӯзи 20-уми июли имсол аз ақиб бо мошини дигар бархӯрд. Дар натиҷа як зану шавҳар дар ин мошин ба ҳалокат расида, ду фарзандашон захм бардоштанд. Закриев осебе надидааст.

Баъди як рӯз қурбониҳо ба хок супурда шуданд ва мақомоти маҳаллӣ миёни Закриев ва хонаводаи қурбониҳо маъракаи "оштӣ" ташкил кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маълум нест, хонаводаи қурбониҳо дар чӣ шароите ба "оштӣ" розӣ шудаанд.

Сомонаи "Кавказ Реалии" менависад, ки Закриев дар ягон шакл ҷавобгӯ нашуд ва дар робита бо садама парвандаи ҷиноӣ ҳам боз нагашт.

Дар Чеченистон маросими оштӣ миёни душманони хунин вуҷуд дорад, ки дар он оилаи қурбонӣ гуноҳи ҷониби муқобилро бахшида, ӯро аз пардохти "хунбаҳо" озод мекунад.

Вакили мудофеъ Евгений Смирнов дар суҳбат бо нашрияи "Инсайдер" гуфтааст, ки бар пояи қонуни ҷиноии Русия дар ҳар сурат парвандаи ҷиноӣ мебоист боз шавад. Баъдан дар асоси "оштии ҷонибҳо" имкон дошт, парванда баста гардад.

Бахши русии Би-би-сӣ таъкид мекунад, ки феълан беш аз 80 хешу табори Рамазон Қодиров вазифаҳои баландпояи Чеченистонро бар уҳда доранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо вуҷуди марги ду кас аз гуноҳи ҷияни Рамазон Қодиров “гузаштанд”