"Ҷарима ҳам кунанд одами мерафтагӣ боз назди фолбин меравад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон як сол аст маъракаи мубориза бо фолбин ва ҷодугарҳоро ба роҳ мондаанд. Мақомот ҳоло бовар доранд, ки бо таъйини ҷазо метавонанд мардумро аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо боздоранд. Оё ин кор имконпазир аст? Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони Душанберо дар ҳамин мавзуъ пурсиданд? Баъзе посухҳоро инҷо хонед: