Бар асари ҳамлаи густардаи Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, дастикам 14 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 28-уми август ва замоне рух дод, ки мансабдорони баландпояи Украина барои дидору гуфтушунид бо намояндагони Амрико дар Ню-Йорк омода мешаванд. Иёлоти Муттаҳида хоҳони хатми комили ҷанги Русия дар Украина аст.
Мақомот дар Киев гуфтанд, Русия субҳи панҷшанбе бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба гӯшаҳои пойтахти Украина ҳамла кардааст ва то кунун 45 нафар маҷрӯҳ гаштаанд.
Президенти Украина, Владимир Зеленский, дар Телеграм навишт, ки шояд бархе то ҳол дар зери вайронаҳо ҳастанд ва мумкин аст теъдоди захмиён бештар шавад.
Зеленский гуфт, “ҳамлаи имрӯзаи Русия бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин посухи рӯшан ба ҳамаи онҳоест, ки ҳафтаҳо ва моҳҳо боз ба оташбас ва дипломатия даъват мекунанд.”