"Фарзанди худам, ҳар коре хоҳам, мекунам?"

Марги Хусрав Одинаеви 15-сола дар пайи шиканҷаи падараш дар моҳи июли имсол сокинони Тоҷикистонро ваҳшатзада кард. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки порлумон соле пеш падару модаронро вазифадор карда буд, дар тарбияи кӯдак аз зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмонӣ истифода накунанд.

Ин ҳодисаи ягона нест. Моҳи ноябри соли 2024 наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чархиш даромад, ки як модарбузург панҷ набераи аз се то ҳафтсолаашро мезад. Як моҳ қабл аз он саҳнаи задани наврасе нашр шуд, ки бо лабу рӯйи хуншор гиря дорад. Шоҳиде гуфт, ки ҳодиса дар ноҳияи Хуросон рух додааст ва кӯдакро модараш ба ин ҳол овард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2024 нисбат ба ноболиғон 994 ҷиноят содир шудааст. Сӣ дарсад бештар дар муқоиса ба соле пеш аз он. Як намояндаи Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе бе ифшои номаш гуфт: "Тибқи пажӯҳиши охирини демографӣ ва беҳдоштӣ, 56 дарсади кӯдакони то чордаҳсола дар хона хушунат дидаанд."

Ба ин монанд дар бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ танбеҳ ё ҷазои ҷисмонии кӯдакон, аз ҷумла шаппотӣ задан барои баҳои паст, кашидани гӯш барои нофармонӣ ва латукӯб барои тартибу интизом як меъёр аст.

Як таҳқиқи ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар соли 2023 дар Узбекистон нишон додааст, ки 62 дарсади кӯдакони то чордаҳсола мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Порлумони Узбекистон баҳори имсол қонуни наверо қабул кард, ки ҳама шаклҳои ҷазои ҷисмониро аз ҷониби волидон манъ мекунад.

Бунёди кӯдакон соли 2023 гузориш дод, ки дар Қазоқистон 53 дарсади кӯдакон муҷозоти равонӣ ё ҷисмониро таҷриба кардаанд. Дар байни кӯдакони аз 1 то 2-сола ин нишондод 38 дарсадро ташкил додааст. Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милал аз Остона хост, ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ кунад.

Дар Қирғизистон манъи муҷозоти ҷисмонии кӯдаконро баррасӣ доранд. Тибқи як назарсанҷӣ аз соли 2023-юм, 65 дарсади кӯдакон дар Қирғизистон дар хона хушунат дида, 37 дарсад муҷозоти ҷисмониро таҳаммул мекунанд.

Сабти навор барои интиқомгирӣ?

Солҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як тамоюли ташвишоваре ба назар мерасад, ки баъзе аз волидон фарзандони худро задаву таҳқир карда, онро ба навор мегиранд, то ба ҳамсар ё хешовандони дигар фиристанд. Ин гуна наворҳо бештар ҳамчун воситаи фишороварӣ истифода мешаванд.

Дар моҳи феврали имсол дар Узбекистон як модар ҳангоми латукӯб ва таҳдиди куштани тифлаш тасвир ёфта буд, коре, ки бо мақсади интиқом гирифтан аз шавҳараш анҷом додааст. Соли 2023 як падар дар вилояти Тошканд тифлашро буғӣ кардааст, то бо ин васила ҳамсарашро азоб диҳад. Вай ин лаҳзаро ба навор гирифта буд.

Элҷас Ертайулӣ, мудири маркази машваратии "Оилаи хушбахт" дар шаҳри Алматои Қазоқистон, сабаби асосии чунин рафторҳоро бесаводии волидон дар бахши оиладорӣ донист. "Бисёриҳо фикр мекунанд, ки чаро бояд вақти хешро барои фаҳмондани кори дурусту нодуруст сарф кунӣ, вақте бо доду фиғон ва таҳдид метавон итоатро дар чанд дақиқа ба даст овард?" -- мегӯяд Ертайулӣ.

"Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон нишонаи заъфи волидон, бесуботии эҳсос ва ҷаҳли онҳост," -- бовар дорад ӯ ва афзуд: "Фарқ надорад, ки шумо дипломи олӣ доред ё мутахассиси соҳае ҳастед, вале агар арзишҳои зиндагии хонаводагӣ ва зиёни зӯровариро надонед, дар масъалаи оиладорӣ бесавод ҳастед. Ин гуна бесаводӣ ба шумо иҷоза медиҳад, ки бидуни фикр кардан кӯдаконро ҷазо диҳед."

Азият ба ҷои муҳофизат

Равоншиноси тоҷик Мадина Шарифова мегӯяд, зӯроварӣ дар хонавода шакли чархаӣ дорад. Яъне, ба бовари ӯ, "кӯдаке, ки дар муҳити доду фарёду таҳқир ба воя мерасад, дар оянда айни ҳамин корро нисбат ба фарзандони худ раво хоҳад дид."

Муаззам Иброҳимова, равоншиноси кӯдакон дар Узбекистон, ҳушдор медиҳад, ки ҷазои такрорӣ ҳисси амнияти кӯдакро пурра аз байн мебарад: "Вақте кӯдак аз дасти шахсе азият мебинад, ки бояд муҳофизат шавад, эътимодаш шикаста мешавад ва зери фишори равонии доимӣ мемонад."

"Кӯдакон дигар миёни амали худ ва шахсияташон фарқ намегузоранд. Онҳо фикр намекунанд, ки "ман кори нодуруст кардам". Онҳо фикр мекунанд, ки "ман шахси бад ҳастам," -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи чунин тарбия шакли ҷаҳонбинии вайроншуда мебошад: "Ин гуна падару модарон ба ақидаи он ки итоаткорӣ ҳосили зӯроварист, одат мекунанд. Дар оянда ё худ ба дигарон зулм мекунанд, ё шахсеро меҷӯянд, ки бар онҳо зулм кунад. Ва ҳамин тавр, чархидани зӯроварӣ идома меёбад."

Тасвире аз Роман Ким

Ба гуфтаи Гулчеҳра Раҳмонова, мудири созмони иҷтимоии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон, мушкилоти иҷтимоӣ низ ин хатарро афзоиш медиҳанд. "Қисме аз аҳолӣ дар ҳолати нодорӣ зиндагӣ мекунанд. Бесуботии молӣ, набудани хӯроку хона ё либос фишори бузурге ба бор меорад. Ин хашму озурдагӣ бештар болои осебпазиртарин табақа, яъне кӯдакон рехта мешавад," -- афзуд Раҳмонова.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, кӯдакони муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ бештар дар хатар ҳастанд. Дар ҳоле ки падару модари онҳо барои кор ба хориҷ рафтаанд, худашон дар назди хешовандон ҳастанд ва гоҳе зӯроварӣ мебинанд.

Қиссаи марги навраси тоҷик, Хусрав Одинаев, танҳо барои он маълум шуд, ки навори он ба интернет роҳ ёфт. Ба ин монанд танҳо як бахши хурди зӯроварӣ ошкор мешаванд. Душворӣ, ба гуфтаи коршиносон, на танҳо ҷазо додани ҷинояткорон, балки ба оилаҳо таълим додани он аст, ки тарбия бе хушунат ҳам имконпазир аст.