Додгоҳ парвандаи марги Судайси дусоларо баррасӣ мекунад

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи сентябр ба баррасии парвандаи марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе оғоз мекунад.

Рӯзи 26-уми август дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа ҳафтаи оянда баргузор мешавад. Парвандаро Хуршед Исозода, муовини раиси додгоҳ, баррасӣ мекунад.

Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" дар шаҳри Душанбе, Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ба гуфтаи намояндагони додгоҳ, дар курсии айбдорӣ ду нафар нишастаанд, ки якеашон мураббии кӯдакистон ва дувумӣ корманди Идораи беҳдоштӣ (СЭС) аст.

Ҳардуи онҳо ба "хунукназарӣ" дар корашон муттаҳам мешаванд ва бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ будаанд.

Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон аввали моҳи август гуфта буданд, ки дар робита ба марги тифл дар кӯдакистон 5 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, мурофиаи ин парванда озод баргузор мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда, вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писари 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".

Бо вуҷуди дар озодӣ будан, назари мураббии кӯдакистон ва дигар гумонбарони парванда то ин лаҳза дастрас нест. Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфт, кори кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд.