Бежан Замирови 28-сола, сокини дигари шаҳри Душанбе низ ки мегӯяд, наздики 10 сол таҷрибаи ронандагӣ дорад, борҳо дар амалҳои ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯии кормандони ГАИ - ро таҳаммул кардааст. Ба гуфтаи Бежан, ҳарчанд ӯ низ аз бедодгариҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба ҷон омадааст, аммо ба фарқ аз Сино аз баҳс кардан бо кормандони ГАИ парҳез мекунад.
Бежан мегӯяд, «ҳолатҳое, зиёде мешавад, ки беҳуда дар роҳ манъ мекунанд ва ба ҳар баҳона маблағ меситонанд. Барои мисол, агар мошин дар миёни чорраҳа ва ранги чароғак зард бошад, мошинро бо иддаои он ки ранги сурхро гузаштӣ, манъ ва ҷарима мекунанд. Бо ман чандин бор чунин ҳолатҳо шудааст ва аз 70 то 100 сомонӣ ҷарима гуфтанд.»
Бежан меафзояд, қаблан ӯ ҳатто чандин бор барои исботи бегуноҳии худ хостааст бо нозирони пулиси роҳ баҳс кунад, ки дар натиҷа ба ғазаби онҳо гирифтор шудааст. Аз ин хотир, мегӯяд вай, ҳоло кӯшиш мекунад, бе баҳс ва бо додани «кисапулӣ» мушкилро дар ҷойяш ҳал кунад.
Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, «масалан, шаҳрвандон муроҷиат мекунанд, ки онҳоро беасос ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.Ва ҳамаи ин шикоятҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилии кишвар ба раёсати амнияти дохилии ниҳод, ки масъули ҳамин бахш аст,вазифагузорӣ карда мешавад,ки санҷида шаванд.Чанд нафар ба ҷавогарии интизомӣ кашида шуданд, баъзеяшонро аз вазифа озод карданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҳам фаъолияти БДА яке аз бахшҳое ҳаст, ки нисбати онҳо аз ҳама бештар шикояти мардум ба вазорат ворид мешавад ва чорабиние, ки аз сӯи вазир гузаронида шуд, махсус барои бартараф намудани ҳамин камбудиҳо буд.»
Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, Рамазон Раҳимов барои гузаронидани ротатсия ва бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ба кормандони БДА-и шаҳри Душанбе се моҳ мӯҳлат муайян карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати ислоҳ нашудан нисбати масъулон чораҳои қатъӣ, аз ҷазои интизомӣ то озод намудан аз мақом андешида мешавад.
Аммо гуфта мешавад, бо он ки то имрӯз низ ҳамин бахш пайваста аз ҷониби мақомоти вазорати дохилии кишвар зери танқид ва назорат қарор дорад ва ҳатто баъзе аз иқдомҳо низ дар ин росто аз ҷумла кам кардани теъдоди нозирони пулис дар роҳҳои марказӣ рӯи даст гирифта шудааст, вале мушкил ҳанӯз ҳам ҳал нашудааст.
Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, тақрибан дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ кормандони БДА аз ҷумлаи бахшҳои фасодзада ном бурда мешаванд. Ва кишварҳои мухталиф дар ин замина барои бартараф кардани ҳамин мушкил аз иқдомҳои мухталиф кор гирифтанд. Коршиносон аз ҷумла таҷрибаи Гурҷистонро мисол меоранд, ки президенташ Михаил Саакашвилӣ тавонист бо ҷалби мутахассисони нав ва кам кардани нозирони роҳу баланд бурдани маоши онҳо ҷилави фасодро дар ин бахш бигирад.
Бо ин ҳол, мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанде пеш бо ширкати чиноии Huawei созишномаи «Шаҳри бехатар»-ро имзо карданд, ки насби камераҳои назоратӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар назар дорад. Як ҳадафи ин барнома ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионии кормандони БДА ҳам гуфта мешавад. Қарор аст, рӯзҳои наздик насби ин камераҳо дар пойтахт оғоз шавад.