Боздошти "як хориҷӣ" бо гумони ҳамла ба маъмурони пулис дар Маскав  

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, бо гумони суиқасд ба ҷони афсарони пулис дар шаҳри Маскав як хориҷӣ дастгир шудааст, вале ному ҷойи таваллуди ӯро нагуфт.

Саҳифаи “База” дар Телеграм бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ин мард 26-сола аст ва зодаи Тоҷикистон. Феълан тасдиқи расмии ин маълумот нест.

Ҳодиса рӯзи 27-уми август рух додааст. Кумитаи тафтишот дар баёнияе гуфт, шахси гумонзад дар наздикии як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сӯи мошини пулис ду шиша маводи даргирандаро партофт ва замоне ки маъмурони пулис мехостанд ӯро дастгир кунанд, бо корд ҳамла кард.

Дар наворҳое, ки саҳифаи “База” дар Телеграм гузошт, даъвате шунида мешавад, ки ӯро паронанд, вале мақомоти пулис аз силоҳ истифода накарда, ӯро бо зӯр дастгир кардаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ба зидди ин шаҳрванди хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ӯ ба суиқасд ба ҷони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонзад аст.

Баёнияҳои Кумитаи тафтишот ва ниҳодҳои дигари интизомии Русия дар мавриди хориҷиён ва муҳоҷирон аксаран шубҳабарнгез будаанд ва имкони санҷиши мустақилонаи маълумоти онҳо барои Радиои Озодӣ дастрас нест.