Тоҷикистон, ки аз соли 2015 барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шитоб надошт, акнун гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Аъзои гурӯҳ фоида ва зиёни шомил шудан ё нашудани Душанберо ба ин ниҳоди зери нуфузи Русия арзёбӣ мекунанд.
"Коре мекунанд, ки худат бармегардӣ"
Илҳом Қурбонов, сокини 39-солаи Бохтарро, ки барои дарёфти гувоҳиномаи забони русӣ ба намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Душанбе омадааст, эҳтимоли шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд хурсанд накардааст. Ӯ бовар надорад, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон дигаргунии мусбате дар рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар Русия биорад.
“Қирғизҳо узв шуданд, ҳоло роҳи гурез кофта истодаанд. Мегӯянд, патент намегирӣ, сабтином ва равуо осон мешавад. Ин хуб аст, вале на ҳамеша риоя мешавад. Барои мисол, семоҳа сабтином мекунанд, меравӣ, ину он мегӯянд, маҷбур хеста меоӣ,” -- иддао дорад ин муҳоҷир.
Ин сарусадо дар ҳоле дубора пайдо шудааст, ки қарор аст, раисҷумҳури Русия Владимир Путин моҳи октябр ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом диҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Путин ба Тоҷикистон сафар мекунадАз он пеш, дар аввали моҳи август, Завқӣ Завқизода – вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон – гуфт, як гурӯҳи кории байниидоравӣ шомил шудан ё нашудани кишварро ба Иттиҳод омӯхта, хулосаи худро ба ҳукумат месупорад.
Як манбаъ дар Вазорати иқтисод рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи вазорату идораҳо рӯзҳои наздик пешниҳод мешавад ва он гоҳ тасмимро худи ҳукумат мегирад.
Чӣ мушкилҳоро ҳал кард ва чӣ душворӣ пеш овард?
Коршиносон аз фоидаву зиёни узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё суҳбат мекунанд. Профессор Раҳмон Улмасов мегӯяд, “мо пеш аз ҳама бояд фикр кунем, ки дохил шудан ба ташкилоти чӣ сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ ба Тоҷикистон чӣ фоида меорад.”
“Мо бояд аз ҳамин нуқтаи назар амал кунем, аз назари манфиатҳои миллии Тоҷикистон. Бояд амиқ фикр кунем, ки дохил шудани Қирғизистон ба ҳамин ташкилот чӣ дод? Чӣ мушкилҳоро ҳал кард ё чӣ душворӣ пеш овард. Агар аз ҷиҳати муҳоҷират гӯед, хеле хуб мешавад, зеро онҳо мисли шаҳрвандони Қирғизистон аз гирифтани патент озод мешаванд ва муносибат ба онҳо дигар хел мешавад,” -- ҳадс мезанад Улмасов.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон барои пайвастан ба ЕАЭС "ҳа" мегӯяд, ё "не"
Мавзӯи узвияти Тоҷикистон дар иттиҳоди иқтисодӣ, ки Ғарб онро бештар як созмони сиёсӣ ва зери нуфузи Русия медонад, ҳамеша хабарсоз будааст. Русия дар солҳои аввали таъсиси ин созмон гуруҳҳои тарафдорро аз ҳисоби донишмандон, расонаҳо ва маҳофили расмӣ дар Тоҷикистон фаъол карда буд.
Равуои озоду бидуни раводид, бозори ягона, таҳсилу иқомати сода, сабукиҳо барои муҳоҷирон, бекор шудани боҷи гумрукии молу коло, таърифаҳои пасттар, сармоягузорӣ ва тарҳҳои муштарак, рушди зерсохтҳо ва тиҷорат, коҳиши вобастагӣ ба Чин ва кишварҳои ғарбӣ аз бартариҳои ин созмон барои кишварҳои узв гуфта мешавад. Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон борҳо аз татбиқ нашудани ин замонатҳо эътироз кардаанд.
Дар баробари ин, барои Тоҷикистон пойбандии зиёд ба Русия, осеб дидан аз лағви даромадҳои гумрукӣ, зарбаҳои нав ба бозори сусти дохилӣ ва куллан коҳиши соҳибихтиёрӣ зарар дониста мешаванд. Гуфта мешавад, монополистҳое, ки ба сатҳи олии ҳукумат рабт доранд, зидди ин узвиятанд. Акнун ин ҳам садо медиҳад, ки шояд муомилаи муҳиме дар он сатҳ анҷом шудааст, ки боис ба таъсиси гурӯҳи кории ҳукумат гаштааст.