Баҳси гарон будани сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанбе. Шарҳи сафир

Сафири Туркия дар Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти фурӯши сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро дар Душанбе нашр карда, бори дигар таъкид намуд, ки барои поён бурдани нархи билет, бояд сӯзишворӣ арзонтар шавад.

Умут Аҷар, сафири Туркия 20-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ширкати "Туркиш эйрлайнз" як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе 1780 доллар мехарад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.

Умут Аҷар бо нашри ин омор навиштааст, "агар нархи сӯзишвории авиатсионӣ поин равад, нархи чиптаҳои ҳавопаймо низ поин хоҳад рафт".

Дар ин ҳафта ин бори дуюм аст, ки Сафири Туркия масъалаи гарон будани нархи сӯзишвории ҳавопаймоҳоро дар Душанбе мебардорад.

Умут Аҷар 19-уми август дар саҳифааш дар "Фейсбук" навишт, "дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад, ки ин ба нархи билети ҳавопаймо таъсир мекунад".

Мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфҳои Сафири Туркия ягон вокуниш накардаанд. Намояндагони ширкати таъмини сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, воридоти сӯхти ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" аст. Моликони ин ширкат маълум нестанд.