Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон як сол аст, ки маъракаи мубориза бо фолбин ва ҷодугарҳоро ба роҳ мондаанд.
Бархеҳо бовар доранд, ки бо таъйини ҷазо мешавад мардумро аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо боздошт. Оё ин кор имконпазир аст? Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони Душанберо дар ҳамин мавзуъ пурсиданд? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:
- Мардуме, ки имони заиф доранд ба назди фолбинҳо мераванд. Ин чизро Худо ҳаром кардааст
- Ҷарима ҳам таъйин кунанд, одами мерафтагӣ боз меравад
- Баъзеҳо аз духтур дида ба фолбинҳо эътиқоди бештар доранд
- Баъди табобат дар назди духтур боз мегӯянд, ки якбор назди мулло равем дуохонӣ кунем, яке сабаби шифо мешавад
- Онҳо дасти пир доранд, дасташонро ба кӯдак мерасонанд сиҳат мешавад
- Агар занҳо нараванд мо мардҳо намеравем
- Баъзе духтарҳо шояд ягон мардро дӯст медоранд ва мераванду гармӣ мекунанд. Аммо ин корҳо на дар ин дунё на дар он дунё ягон фоида надорад
- Духтар ё занҳое, ки ба ин гуна ҷойҳо мераванд якбор бинанд, ки хонаву дари фолбин қасри тиллоӣ аст? Агар фолбин ва ҷодугар мушкилиҳои худашро ҳал мекард, муҳтоҷи пули шумо намешуд
- Беҳтараш назди равоншиносон раванд, ин роҳи беҳтар аст
- Ин масъала роҳи ҳал надорад, ҳаминхел буд ҳаминхел мемонад. Ҷарима ва ҳатто ҳабс ҳам кунанд, одамон боз корашонро мекунанд
- Бояд руҳониён барои пешгирӣ фаъол бошанд. Бояд таблиғот аз мактабҳо сар шавад, ки одамон фаҳманд, ки ин нодуруст аст
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҷарима ҳам кунанд одами мерафтагӣ боз назди фолбин меравад"