Ҳусиҳои Яман мегӯянд, ки нахуствазири ин гурӯҳ дар ҳамлаи Исроил кушта шуд

Гурӯҳи ҳусиҳои Яман эълон кард, ки Аҳмад Ғолиб Ар-Раҳавӣ, нахуствазири ҳукумати ин гурӯҳ ва шуморе аз вазирони ӯ дар ҳамлаи Исроил ба Санъо дар рӯзи 28 август, кушта шудаанд.

Дар баёнияи ин гурӯҳ, ки рӯзи шанбе нашр шуд, гуфта мешавад, ки шуморе аз вазирон ва ҳамроҳони онҳо дар ин ҳамла захмӣ шуданд, ки вазъи саломатии бархе аз онҳо вазнин аст.

Баёнияи ҳусиҳо дар бораи шахсияти вазироне, ки дар ҳамлаи Исроил кушта ва захмӣ шуданд, маълумоти бешта ироа накардааст.

Гурӯҳи ҳусиҳои Яман аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад.

Артиши Исроил рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоияш ба як мавзеи низомии ҳусиҳо дар Санъо ҳамла анҷом дод.

Шабакаи 12-и телевизиони Исроил ба нақл аз як манбаи амниятии Исроил гуфт, шахсиятҳои сиёсии баландпояи ҳусиҳо ҳадафи ин ҳамлаҳо буданд.