Вазири корҳои хориҷии Туркия мегӯяд, ки ин кишвар дар эътироз ба ҷанги Ғазза, ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймоҳои Исроил бастааст.
Ҳоқон Фидон рӯзи 29 август дар як нишасти фавқулодаи порлумони Туркия гуфт, "мо робитаҳои тиҷории худро бо Исроил ба таври комил қатъ кардем. Иҷоза намедиҳем, ки киштиҳои Туркия ба бандарҳои Исроил бираванд ва иҷозаи вуруди ҳавопаймоҳои исроилӣ ба ҳарими ҳавоии худро намедиҳем".
Исроил ҳанӯз ба ин тасмими Туркия вокунише нишон надодааст.
Туркия дар моҳи майи соли гузашта робитаҳои мустақими тиҷорӣ бо Исроилро қатъ карда буд ва хостори оташбаси доимӣ ва вуруди фаврии кӯмакҳои башардӯстона дар Ғазза шуд.
Ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар соли 2023 ба ҳафт миллиард доллар расида буд.
Расонаҳои Туркия ҳафтаи гузашта гузориш доданд, ки манъи рафту омади баҳрӣ миёни ду кишвар ба ҳолати иҷро даромадааст, ҳарчанд баёнияи расмие дар ин бора нашр нашудааст.
Тибқи ин гузоришҳо, киштиҳои исроилӣ аз таваққуф дар бандарҳои Туркия манъ шудаанд ва киштиҳои таҳти парчами Туркия низ иҷозаи вуруд ба бандарҳои исроилиро надоранд.
Ҳоқон Фидон дар суханронии худ Исроилро ба иртикоби "ҷиноят" дар Ғазза муттаҳам кард ва онро "яке аз ториктарин фаслҳои таърихи башарият" хонд.
Ӯ гуфт, "Исроил давоми ду соли гузашта дар Ғазза муртакиби наслкушӣ шуда, "арзишҳои асосии инсониро дар баробари чашми ҷаҳониён нодида гирифтааст".
Анқара яке аз мунтақидони ҷиддии ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аст. Раҷаб Таййид Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, борҳо амалкарди Исроилро "наслкушӣ" хонда ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро бо Гитлер муқоиса кардааст.
Мақомоти Анқара ҳамчунин дар тирамоҳи гузашта ба ҳавопаймои раисҷумҳури Исроил иҷозаи вуруд ба ҳарими ҳавоии Туркияро барои сафар ба Конфронси СММ оид тағйири иқлим, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, надоданд.
Аз сӯи дигар, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 26 август дар мусоҳибае гуфт, ки "наслкушӣ"-и арманиҳо ва ошӯриҳо дар замони императории усмониҳоро ба расмият мешиносад.
Туркия як рӯз баъд ин изҳороти Нетаняҳуро маҳкум кард.