Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти 13 нафар ба гумони қиморбозӣ ва ошкор кардани қиморхона дар як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи 13-нафара усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз қартаро истифода бурда, ба бозии бурдноки пулӣ машғул будаанд.
Кормандони пулис онҳоро боздошт ва нисбати ҳар кадоми онҳо барои машғул шудан ба қиморбозӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ равон карданд.
Назари ин афрод ва наздиконашон ба ин иттиҳом ҳанӯз маълум нест.
Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона ё казино дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.