Табибон ва фарҳангиён дар Кӯлоб шикоят доранд, ки маошашонро нагирифтаанд

Намое аз шаҳри Кӯлоб.

Дар Кӯлоб як қисми кормандони соҳаи тиб ва фарҳанг шикоят доранд, ки то ҳол маоши моҳи июлашонро нагирифтанд. Мақомот вазъро ба иҷро нашудани нақшаи андоз дар вилоят, рабт медиҳанд.

Ҷӯра Салимов, корманди Беморхонаи кӯдаконаи рақами 2-и шаҳри Кӯлоб гуфт, ки маҷбур шуд аз ин вазъ то ба Вазорати молия шикоят барад ва бо муовини вазири молия ва дигар мақомдорон, дар тамос шавад.

"Мегӯянд, ки раиси шаҳр ва роҳбари молияи шаҳр ҳаминҷост ва мегӯянд, ки ҳама маош гирифтаанд. Гуфтамаш, инҷо 300 коргар аст, касе маош нагирифтааст. Мо дар хона маъюб дорем, вақти мактаб рафтани кӯдакон наздик шудааст, ростӣ, дигар намедонем, чӣ кор кунем".

Кормандони Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҳам то рӯзи 21-уми август маоши моҳи июлашонро нагирифта буданд. Онҳо аз рӯзи 15 август инҷониб ба Радиои Озодӣ шикоят доранд, ки маоши онҳо ҳар моҳ бо чунин таъхир пардохт мешавад.

Дар шаҳрдории Кӯлоб аз пардохт шудани пули рухсатии омӯзгорон гуфтанд, аммо аз соҳаҳои дигари буҷавӣ ёдоварӣ накарданд.

Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб гуфт, "дар Кӯлоб бо филиалҳо, 74 мактаб ҳаст. Тибқи маълумоти ба мо расида, зиёда аз 47 мактаб аллакай рухсатпулиро ба пуррагӣ гирифтаанд. Ҳамин панҷ-шаш мактаби дигар мондааст ва рӯзҳои наздик тибқи нақша, пулашонро хоҳанд гирифт".

То охири моҳи июл дар минтақаи Кӯлоб бахши бузурге аз омӯзгорон пули рухсатиашонро нагирифта буданд. Ин мушкил ҳар сол дар минтақаи Кӯлоб рух медиҳад ва омӯзгорон пули рухсатии худро дар аввалҳои август мегирифтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро шуморе аз муаллимону табибони Кӯлоб маошашонро саривақт нагирифтанд?

Маъруф Ҷаъфарзода, сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб дар шарҳи масъала гуфт, "тавре ба Шумо маълум аст, фақат дар умуми вилояти Хатлон маошҳо ҳамагӣ дар ду-се ноҳия пурра дода мешавад, ки онҳо ноҳияҳои худмаблағгузоранд. Нақшаҳояшонро худашон муайян мекунанд ва маблағҳояшон мерасад. Дигар шаҳру ноҳияҳо, музди меҳнат дар 12-моҳ тақсим мешавад. Рухсатии меҳнатӣ ва пардохти маош ба як вақт рост меоянд ва аз сабаби иҷро нашудани нақша, норасоии маблағ пеш меояд".

Чанд рӯз пеш сардори Сарраёсати молияи вилоят аз пурра пардохт шудани маоши омӯзгорон хабар дода буд. Аммо дар ин хабар аз пардохт шудан ё нашудани маоши кормандони соҳаи тиб ва фарҳанг дар вилоят чизе гуфта нашуд.

Муовини раиси вилоят гуфт, ки ноҳияи Ёвон ва шаҳри Леваканд ба буҷаи вилоят 5 милион сомонӣ ҳиссаи худро ҷудо накардаанд.

Музаффар Мирзозода, муовини раиси вилояти Хатлон: "Дар нимсолаи соли 2025 нақшаи андозро ноҳияи Ёвон 38,5 милион сомонӣ ва шаҳри Леваканд 6,5 милион сомонӣ таъмин карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи вилоят 45 милион кам ворид шуд".

Ҳоло ба буҷаи вилояти Хатлон шаҳрҳои Нораку Леваканд ва ноҳияҳои Данғара ва Ёвон, ҳисса ҷудо мекунад. Аз буҷаи вилоят ба шаҳру ноҳияҳои дотатсионӣ, маблағи муайяне дода мешавад.

Кӯлоб аз он шаҳрҳое ҳаст, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят маблағи муайяне мегирад. Дар сурати сари вақт ворид нашудани ин маблағ, маошҳо дер пардохт мешаванд.