Ҳимояти як эътилофи мухолиф аз изҳороти 8 созмон дар бораи Тоҷикистон

Боздошту ҳабси фаъолони бадахшонӣ дар соли 2022 дар пайи тазоҳуроти сокинон дар Хоруғу Рӯшон авҷ гирифт

Як эътилофи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз баёнияи 8 созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар пуштибонӣ кардааст.

Ин созмонҳо рӯзи чоруми август марги чаҳор зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндон маҳкум ва аз саркӯби идомадори фаъолони помирӣ ибрози нигаронӣ карданд.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, рӯзи 18-уми август гуфт, “дар ҳамбастагӣ бо ҳашт созмони бонуфуз меистад ва нақзи фоҷиабори ҳуқуқи башар алайҳи мардуми Помирро маҳкум мекунад.”

“Мо бо шиддат талаби онҳоро барои гузарондани таҳқиқоти фарогир дар бораи ин ҷиноятҳои ваҳшатбор такрор намуда, пофишорӣ мекунем, ки гунаҳкорон бояд ба асоси қонунҳои байнулмилалӣ ҷавобгар шаванд,” – гуфта шудааст дар баёнияи Паймони миллӣ. Ин эътилоф аз се созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа иборат аст.

Ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар рӯзи чоруми август аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки таъқиби пайваста ва шиканҷаи ҳадафмандонаи помириҳоро поён диҳад ва ба фаъолони зиндонӣ аз Бадахшон ёрии пизишкии муносиб расонад.

Онҳо ҳамзамон аз кишварҳои узви Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва фаъолони байнулмилалӣ даъват карданд, ки Тоҷикистонро барои раҳоии помириҳо водор намоянд.

  • Монеъ шудан ба нақши раҳбарии Душанбе дар нишастҳои бахшида ба обу иқлим;
  • Ҳимояи паноҳҷӯёни помирӣ;
  • Оғози таҳримҳои ҳадафманд;
  • Манъи сафари мансабдорони баландпояи тоҷик, ки дар саркӯби мунтазам даст доранд;
  • Ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар пайванд ба шикояти пешниҳодшуда алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ва барои ҷиноятҳои зидди башарият аз талабҳои дигари ҳомиёни ҳуқуқи башар аст. Ин шикоятро FFE, FUVI, ҲНИТ ва вакил Николас Линёл омода ва пешниҳод кардаанд.