Додситонии шаҳри Хуҷанд парвандаи нисбат ба яке аз бузургтарин ширкатҳои вилояти Суғд, “Дӯстӣ - Амирхон”- ро бо айбдории пардохт накардани беш аз 1 миллион сомонӣ андоз ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳ додааст.
Ба гуфтаи додситонӣ, аз ҷониби ширкати мазкур дар давоми солҳои 2010 – 2013 пинҳон доштани чунин маблағи бузурги андозро тафтиши якҷояи мақомоти додситонӣ ва андоз ошкор кард.
Ин манбаъ афзуд, ба думболи ин додситонӣ алайҳи мудири кулли ҶДММ “Дӯстӣ - Амирхон” Хайрулло Мухторов ва муҳосиби асосии он, Г. Шарифова аз рӯйи банди 292, қисми 2 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “саркашӣ аз супоридани андоз ба миқдори махсусан калон” боз карда, тафтиши онро ба анҷом расондааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Парванда алайҳи соҳибкори маъруф дар Хуҷанд
Ширкати “Дӯстӣ –Амирхон” соли 1992 таъсис ёфта, нӯшокиҳои ташнагишикан, оби ҷав ва шириниҳо истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ширкат яке аз ширкатҳои муваффақ ва пешрафта дар бахши саноати сабук ва аз андозсупорандагони бузург дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қаблан барои насупурдан ё пинҳон доштани андоз ва дигаргуна камбудҳои молӣ айбдор нашуда буд.