Таҳдиди Русия ба манъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон
Ба гуфтаи Мочалов, баъд аз тафтиши гузаргоҳи “Оқсарой 1” дар вилояти Астрахан аз сӯи муовини нахуствазир, ба Хадамоти марзбонӣ ва ширкати роҳи оҳани Русия дастур дода шуд, ки баъд аз ҷудо кардани маблағи зарурӣ аз буҷа ин гузаргоҳ навсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурии назорат ва мухобирот муҷаҳҳаз шавад.
Оқои Мочалов аз вазорати нақлиёти Русия дархост кардааст, ки тақвими ҳаракат дар самти Тоҷикистон-Русияро рӯзона ва тарзе ба роҳ монад, ки имкони тафтиши мӯшикофона вуҷуд дошта бошад.
Ин тасмим дар ҳоле рӯи даст гирифта мешавад, ки Геннадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия рӯзи якшанбе пас аз шиносоӣ бо хадамоти марзбонӣ ва гумрукии истгоҳи Аксарайскии вилояти Астрахан, аз вазъи бади санитарии тарабхонаҳои қатораҳо интиқод карда буд. Сардухтури санитарии Русия, гуфтааст, ин қатораҳо аз оддитари шароити беҳдошти бархӯрдор нестанд.
Оқои Рогозин, муовинин нахуствазири Русия, ки дар ин сафар сардухтури санитарии Русияро ҳамроҳӣ менамуд, ба хабарнигорон гуфтааст, ки муҳоҷирон ба Русия бо қаторҳое меоянд, ки барои мусофирбарӣ пешбинӣ нашудааст. Рогозин гуфтааст, "низоми бидуни раводид ба маъное нест, ки Русия хонаи бедарударвоза бошад." Аммо рӯзи душанбе муовини сарвазири Русия як каме нармтар сӯҳбат дода, гуфтааст, Кумиссиюни давлатии масоили марзӣ, ки раҳбариашро дар ҳукумати Русия худи Рогозин бар ӯҳда дорад, пешниҳоди Хадамоти марзбонӣ ҷиҳати манъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистонро қабул надорад. Рогозин чунин пешниҳодро "тунд" хонда, гуфтааст, "чунин масоили ҳамкрпӣ бо Тоҷикистон ҳамчун шарики Русия дар ОДКБ ва СНГ бояд дар рӯҳияи мушорикат баррасӣ шаванд, вале ба шарти эҳтироми ҳатмӣ ба қонунгузории Русия."