Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи маргбори Исроилро ба як шифохона дар шаҳри Хон Юнус дар Навори Ғазза сахт маҳкум кардааст. Дар натиҷаи ду зарбаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба шифохона дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғазза чандин ғайринизомӣ, аз ҷумла кормандони тиббӣ ва хабарнигорон кушта шуданд.
Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милал, гуфтааст, ин ҳодиса хатари зиёд ба ҷони хабарнигорону табибонро нишон медиҳад.
"Ин қатлҳои ваҳшатангез хатари бисёр зиёд ба ҷони кормандони тиббӣ ва хабарнигоронро нишон медиҳад, ки ҳангоми кори ҳаётиашон дар ин муноқишаи cахт ба онҳо таҳдид мекунад. Дабири кул хотирнишон мекунад, ки ғайринизомиён, аз ҷумла кормандони тиббӣ ва хабарнигорон бояд тамоми вақт муҳофизат карда шаванд," -- гуфт Стефан Дуярич, сухангӯи дабири кулли СММ.
Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин хоҳони таҳқиқи зуд ва бетарафонаи ҳамлаҳо шудааст. Дар ду зарбаи ҳавоӣ, ки яке пайи дигаре сурат гирифт, ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ 20 нафар аз ҷумла панҷ хабарнигор аз Рейтерс, Ассошиэйтед Пресс, Ал-Ҷазира, Эн-Би-Си ва Middle East Eye ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти идораи тандурустии Ғазза ҳамла ба ягона шифохонаи давлатӣ дар ҷануби Ғаззаро “идомаи вайронгарии системаи тандурустӣ” дар Ғазза номида, маҳкум карданд.
Артиши Исроил дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст. Дар ин баёния аз марги ғайринизомиён дар ҳамла изҳори таассуф шудааст.
Дафтари нахуствазири Исроил зарбаҳои маргборро хато ва “ҳодисаи ғамангез” номид ва гуфт, ки низомиён онро таҳқиқ мекунанд. Ба қавли Бенямин Нетаняҳу ҷанги онҳо бо террористони Ҳамос аст ва ҳадафашон ҳам нобуд кардани ин созмон ва раҳоии гаравгонони исроилӣ мебошад.
Пас аз ҳамлаи маргбори созмони тундрави Ҳамос ба Исроил дар моҳи октябри соли 2023 низоъ байни Исроил ва ин созмон авҷ гирифт. Ҳамос, ки Амрикову Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, дар он замон бештар аз 1500 исроилиро кушт, ва даҳҳо тани дигарро гаравгон гирифт. Баъзеро ҳанӯз ҳам дар асорат нигаҳ медорад.
Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил ба Навори Ғазза, ки таҳти контроли Ҳамос аст, дар тақрибан ду соли гузашта бештар аз 60 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: