Дар чанд ҷумла
Муҳлати ҳабси Лутфуллои Назримад ва се тоҷики дигар дар Русия дароз шуд

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав ҳабси чор зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар пайванд ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар боздошт ҳастанд, дароз кард.
Дафтари матбуоти Додгоҳ рӯзи 19-уми август хабар дод, ки Лутфуллои Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода то 22-юми ноябри имсол дар Боздоштгоҳ мемонанд.
Мурофиа паси дарҳои баста гузашт. Тафсилоташ, аз ҷумла мавқеи гумонзадҳо маълум нест.
Аз ин пеш, рӯзи 16-уми август, Додгоҳи ноҳияи Басманний бо дархости Кумитаи тафтишоти Русия муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Муродалӣ Раҷабализода ва Шамсидини Фаридунро ҳам то 22-юми ноябр дароз кард.
Ин афрод аз моҳи марти имсол дар ҳабс ҳастанд.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун беш аз даҳ нафар, аз ҷумла шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Шиканҷаи ошкори боздоштшудаҳо таҳқиқи мунсифонаи қазияро зери суол бурдааст.
Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд. Додгоҳ дархости онҳоро барои бозбинии парванда напазируфт
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст.
Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки муҳлати ҳабсашон то моҳи ноябр дароз шуд:
МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ
Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба Додгоҳи ноҳияи Басманний оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Ҳангоми амалиёти боздошт як чашмаш осеб дидааст.
Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. "Писарам шахси мазҳабӣ набуд, намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард," -- нақл карда буд ӯ.
Дар аксу наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-и русӣ Муҳаммадсобир Файзов гоҳе бо риш ва дар бархе маврид бидуни риш ҷавони шод ва коргари хуб тасвир ёфтааст. Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ низ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.
ДАЛЕРҶОН МИРЗОЕВ
Далерҷон Мирзоеви 32-сола аз деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 23-юми марти имсол дар Брянск боздошт шуд. Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.
Ба нақли наздиконаш, ӯ шаш моҳ пеш аз ҳодиса ба Русия рафта, дар хонаи амакбачааш дар Новосибирск мезист ва таксӣ меронд. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул будааст.
Модараш, Гулракат Мирзоева, гуфта буд, ки бовар надорад, ӯ дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.
САИДАКРАМ РАҶАБАЛИЗОДА
Мақомоти Русия Саидакрам Раҷабализодаро рӯзи 23-юми март дастгир карда, дар аввал барои ду моҳ (то 22-юми май) ба ҳабс гирифта буданд. Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар аввали моҳи январи имсол барои кор ба Русия рафт, аммо "тақрибан се моҳ на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод".
Манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфта буданд, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт.
Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”
ФАРИДУНИ ШАМСИДДИН
Мақомоти Русия мегӯянд, номи Фаридуни Шамсиддини 25-сола дар "рӯйхати террористон ва ифротгароён" дар ин кишвар сабт шудааст. Аз шаҳри Ҳисор аст. Рӯзи 23-юми март дастгир карданд.
Дар навори бозпурсии мақомоти Русия Фаридуни Шамсиддин дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон ба дурустии он шубҳа карданд.
Шабакаҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд. Бахши русии Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот бо такя ба саҳифаҳои Фаридуни Шамсиддин дар шабакаҳои маҷозӣ маълум кардааст, ки ӯ чанд аксе аз ҳузураш дар Истанбули Туркия нашр карда ва номашро дар бархе шабакаҳои маҷозӣ Абдулло гузоштааст.
Фаридуни Шамсиддини дар соли 2014, замони таҳсил дар синфи 7-уми як мактаби миёнаи Ҳисор бо гумони озори ҷинсии ноболиғи 6-сола боздошт ва шаш сол зиндонӣ шудааст. Соли 2020 аз зиндон раҳо ва пас аз ду сол оиладор шуд. Ҳоло як тифли даҳмоҳа дорад. То рафтан ба Русия дар шаҳри Ҳисор дар нонвойхонае кор мекардааст.
Хешовандони Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоба мегӯянд, пас аз раҳо шудани аз зиндон дар рафтору кирдори ӯ амалкардҳои ғайриинтизореро мушоҳида накарда буданд.
ЛУТФУЛЛОИ НАЗРИМАД
Мақомоти тафтишотии Русия алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи "анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон шудааст" парванда боз кардаанд.
Баъзе аз расонаҳои Русия қаблан навишта буданд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо полис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шудааст. Азбаски он замон мурофиа паси дарҳои баста гузашта буд, мавқеи худаш маълум набуд. Дар зодгоҳаш ба дурустии он шубҳа доранд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони Лутфуллои Назримад ба ноҳияи Панҷ рафтанд, аммо онҳоро наёфтанд. Ҳамсояҳои ин ҷавон гуфтанд, ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ дар Русия бовар надоранд. Вай тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафтааст.
Лутфуллои Назримад фарзанди калонии Назримад Ҳаётов, корманди идоари фарҳанги ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, будааст. Ба гуфтаи наздиконаш, падари хонадон ӯро барои кор ба Русия фиристода буд, то бо мадади писараш соҳиби манзил шаванд.
ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ
Ҷумъахон Қурбонови 21-сола рӯзи 27-уми апрел бо қарори додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ва ба гумони “маблағгузорӣ барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ” ба ҳабс гирифта шуд.
Манзили волидони Ҷумъахон Қурбонов дар ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷойгир аст. Модараш омӯзгор аст, падараш деҳқонӣ мекунад. "Бо саводи худаш ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Душанбе дохил шуда буд. Зӯрамон нарасид, ки пули иҷора ва харҷҳои дигарашро диҳем. Ночор барои пулкоркунӣ ба Русия рафт," – нақл кард Бегиёр Саидов, падари Ҷумъахон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд, Ҷумъахон ҳамроҳи бародараш, Сӯҳроб Қурбонов, дар як макон дар пойтахти Русия зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекарданд. Ҳар моҳ барои харҷи оила то 20 ҳазор рубли русӣ ё зиёда аз дусад доллари амрикоӣ мефиристодааст. "Ман ба бегуноҳии фарзандам бовар дорам," -- гуфт Саидов ва афзуд, “ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот дар Русия бовар надорем. Пайваста насиҳаташ мекардам, ки танҳо ба роҳи рост рав.”
ЁҚУБҶОН ЮСУФЗОДА
Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой "тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст".
Муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул "баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд." Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест. Назари худаш ё наздикону вакили мудофеъ ва ҷузъиёти парванда дастрас нест.
Саҳифаи "Маш" дар Телеграм нигоштааст, ки Ёқубҷон Юсуфзода ҳангоми амалиёти “Нелегал” ва тасодуфан рӯзи 26-уми март дастгир шуда, сипас робитааш бо ҳамлаварон ошкор гаштааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Ёқубҷон Юсуфзода 25 сол дорад, оиладор ва соҳиби се фарзанд. Ҳангоми боздошт дар сохтмон кор мекардааст.
МУҲАММАД ШАРИФЗОДА
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 5-уми апрел дастури ҳабси Муҳаммад Шарифзодаро содир кард. Ӯ ба "амали террористӣ" муттаҳам аст, вале ба сабаби пӯшида будани мурофиа назари ӯ ё вакили мудофеаш дастрас нест.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳамлаҳои Русия ба минтақаҳои ғарбии Украина. Талафоту вайронӣ ҳаст

Русия дар соатҳои аввали рӯзи 21-уми август бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина зарба задааст.
Ҳадафи ҳамла асосан минтақаҳои ғарбии ин кишвар будаанд, аз ҷумла шаҳрҳои Лвов ва Мукачево.
Дар Лвов як нафар кушта шуда, дастикам се кас ҷароҳат бардоштаанд. Зиёда аз 20 бинои истиқоматӣ ва иншооти дигари шаҳрвандӣ низ зарар диданд.
Русия ба шаҳри Мукачево, ки дар минтақаи Закарпатия ва дар наздикии сарҳад бо Маҷористону Словакия ҷойгир аст, низ зарба задааст.
Дар онҷо 15 кас захмӣ шуда, як корхонаи саноатӣ оташ гирифт.
Ин зарбаҳо дар ҳоле зада шудаанд, ки созиши эҳтимолии сулҳ миёни Русия ва Украина ва мулоқоти эҳтимолии раҳбарони ду кишвар баррасӣ мешавад.
Бинои нави Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон

Бинои нави Донишкадаи исломиро, ки барои дуним ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст, рӯзи 21-уми август дар Душанбе ба истифода доданд. Сохтмонаш соли 2019 сар шуда буд.
Донишкадаи исломӣ ба ҷуз аз ҳуҷраҳои дарсу хоб осорхона низ дорад. Мақомот гуфтанд, дар онҷо нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори донишмандони тоҷикро ба намоиш гузоштаанд.
"Нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ низ ҷой дода шудаанд,” – гуфта шудааст дар хабарномаи вебсайти президент.
Донишкадаи исломӣ дар ҳоли ҳозир танҳо маркази таълими динӣ дар Тоҷикистон аст. Қаблан 19 мадраса вуҷуд дошт, вале мақомот аз соли 2011 ба ин сӯ дари онҳоро бастанд.
Барои таълими динии беиҷоза дар Тоҷикистон аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то се сол зиндон таъин шудааст.
Мақомот кори худро дурусту қонунӣ медонанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста барои маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон, аз ҷумла маҳдуд кардани омӯзиши динӣ танқид мекунанд.
Артиши Исроил гуфт, сарбозон дар канораҳои Ғазза ҷойгир шудаанд

Артиши Исроил рӯзи 20-уми август аз оғози амалиёт барои тасарруфи шаҳри Ғазза эълон дод. Эффи Дефрин, сухангӯи артиши Исроил, гуфт, сарбозон ҳоло дар канораҳои шаҳри Ғазза ҷойгир шудаанд. Шаҳре, ки ба қавли ӯ “такягоҳи ҳукуматӣ ва низомии террор”-и “Ҳамос” аст.
Дар ҳамин рӯз артиши Исроил гуфт, ки даҳҳо ҳазор сарбози навро барои омодагӣ ба амалиёт ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват мекунад. Фаластиниён дар Ғазза аз ин хабар бисёр ғамгин шудаанд, чун мегӯянд, умедвори оштӣ буданд.
Бо вуҷуди эълони оғози амалиёт дар шаҳри Ғазза ҳукумати Исроил гуфт, ки пешниҳоди навро барои созиши оташбас дар ҷанги тақрибан дусола баррасӣ дорад.
Созмони “Ҳамос” ин тарҳи пешниҳодии миёнҷигарони арабро барои созиши оташбаси 60-рӯза пазируфтааст. Бар асоси он “Ҳамос” бояд гаравгонони боқимондаи исроилиро озод кунад ва Исроил зиндониёни фаластиниро раҳо намояд.
“Ҳамос”, ки Амрикову Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, дар як паёме дар Телеграм Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро ба он муттаҳам кард, ки монеи созиши оташбас мешавад, то ба қавли “Ҳамос” “ҷанги золимона ба зидди мардуми бегуноҳи шаҳри Ғазза”-ро идома диҳад.
Бисёре аз ҳампаймонҳои наздики Исроил аз ҳукумат хостаанд, ки аз амалиёт дар шаҳри Ғазза даст кашад. Бенямин Нетаняҳу, ки таҳти фишори баъзе аз ростгароҳои ифротӣ дар ҳукумати эътилофиаш мондааст, тарҳи созиши муваққати оташбасро напазируфтааст ва ҷангро идома медиҳад.
Ҳукумати Исроил гуфтааст, ки “Ҳамос” бояд 50 гаравгони боқимондаи яҳудиро якҷо раҳо кунад. Ба бовари мақомоти исроилӣ, фақат 20 нафари онҳо шояд зинда бошанд. Ҳамос гуфтааст, ки дар сурати қатъи ҷанг ҳамаи гаравгонро озод мекунад. Исроил мегӯяд, то замоне ки “Ҳамос” халъи силоҳ нашавад, ҷангро бас намекунад.
Баҳси гарон будани сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанбе. Шарҳи сафир

Сафири Туркия дар Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти фурӯши сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро дар Душанбе нашр карда, бори дигар таъкид намуд, ки барои поён бурдани нархи билет, бояд сӯзишворӣ арзонтар шавад.
Умут Аҷар, сафири Туркия 20-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ширкати "Туркиш эйрлайнз" як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе 1780 доллар мехарад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.
Умут Аҷар бо нашри ин омор навиштааст, "агар нархи сӯзишвории авиатсионӣ поин равад, нархи чиптаҳои ҳавопаймо низ поин хоҳад рафт".
Дар ин ҳафта ин бори дуюм аст, ки Сафири Туркия масъалаи гарон будани нархи сӯзишвории ҳавопаймоҳоро дар Душанбе мебардорад.
Умут Аҷар 19-уми август дар саҳифааш дар "Фейсбук" навишт, "дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад, ки ин ба нархи билети ҳавопаймо таъсир мекунад".
Мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфҳои Сафири Туркия ягон вокуниш накардаанд. Намояндагони ширкати таъмини сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, воридоти сӯхти ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" аст. Моликони ин ширкат маълум нестанд.
Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз таълими ғайриқонунии динӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ аз таълими ғайриқонунии динӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши расонаҳои расмӣ, шаҳрдори Душанбе 19-уми август дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо гуфтааст, 80 дарсади онҳое, ки ғайриқонунӣ таълими динӣ гирифтаанд, ҷавонони то 30-сола мебошанд.
Аммо дар иттилоияи расмӣ шумораи ин афрод зикр нашудааст ва ҳам гуфта нашудааст, ки барои ғайриқонунӣ таълими динӣ додан чанд кас ҷазо гирифт.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, гирифтани таълими динӣ танҳо дар муассисаҳои расмӣ ва назди волидайн иҷозат аст.
Дар Тоҷикистон гирифтани таълими расмии динӣ танҳо дар Донишкадаи исломӣ дар Душанбе имконпазир аст, ки шумораи донишҷӯёни он ҳам кам аст. Тақрибан ҳамаи мадрасаҳое, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо фаъол буданд, солҳо пеш бо далели иҷоза нагирифтан аз Вазорати маориф, баста шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд. Аммо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон борҳо ин гуна танқидҳоро рад карда, гуфтаанд, озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар таъмин аст.
Хабарнигорон борҳо дар нишастҳои хабарии Кумитаи дин ва танзими анъана пурсиданд, ки вақте ҳама мактабҳои динӣ ё ба истилоҳ мадрасаҳо баста шудаанд, мардум дар куҷо расман таълими динӣ гиранд? Посухи намояндагони Кумитаи дин ба ин суол норӯшан будааст.
Володин: Қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия “кам шуд”

Раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, имсол теъдоди фарзандони муҳоҷирони корӣ, ки ба мактабҳои ибтидоӣ ва миёна қабул шуданд, назар ба гузашта бисёр кам аст.
Вячеслав Володин рӯзи 20-уми август дар баёнияе сабаби коҳишро қабули қонуне донист, ки бачаҳои муҳоҷиронро бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия роҳ намедиҳанд.
Ӯ шумораи дақиқеро наовард, вале гуфт, масалан дар вилояти Нижегород аризаҳои муҳоҷирон барои қабули фарзандонашон ба мактаб 10 дар сад ва дар вилояти Воронеж 7 дар сад кам шудааст.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав дар соли 2024, ки мақомоти интизомии Русия аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро ба тарҳрезиву анҷоми он гумонбар медонанд, президенти Русия Владимир Путин хост, сиёсати муҳоҷиратро бознигарӣ кунанд.
Аз он замон то кунун Думаи давлатӣ бештар аз сӣ қарору қонуне қабул кардааст, ки кору зиндагӣ дар Русияро барои муҳоҷирони корӣ маҳдуд ва ё душвор мегардонад.
Дар садамаи як автобуси муҳоҷирон дар Ҳирот даҳҳо кас ҷон бохтаанд

Теъдоди қурбониёни садамаи як автобуси муҳоҷирони афғонистонии бозгашта аз Эрон дар вилояти Ҳирот ба тақрибан 80 нафар расидааст.
Мақомоти Ҳирот гуфтанд, ки дар натиҷаи бархӯрдани ин автобус бо ду мошин, аз ҷумла мошини ҳомили сӯзишворӣ, дар ноҳияи Гузора 19 кӯдак ҳам ҷон бохтанд.
Фалокат дар вилояти Ҳирот рӯзи сешанбе дар замоне рух дод, ки ихроҷи паноҳҷӯён ва муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрону Покистон ҳамчунон идома дорад
Сӯхтор дар Варзишгоҳи сохтмонаш нотамоми Душанбе

Дар Варзишгоҳи нави Душанбе, ки сохтмонаш ҳанӯз ба поён нарасидааст, рӯзи 20-уми август сӯхтор сар зад.
Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, қисмати поёнии варзишгоҳ оташ гирифтааст.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дуди сиёҳу ғафс аз маҳалли сохтмони варзишгоҳ берун меояд.
Идораи оташнишонии пойтахт дар баёнияе гуфт, ки "сӯхтор дар қуттиҳои чӯбини масолеҳи сохтмонӣ" сар зада, ҳоло хомӯш карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, қуттиҳо холӣ буданд ва ҳеч зараре нарасид.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи чоршанбе талош карданд, ки вазъро аз наздик бинанд, вале онҳоро барои сабти ҷойи ҳодиса ба дохили варзишгоҳ роҳ надоданд.
Сохтмони Варзишгоҳи нави Душанбе аз соли 2019 ҷараён дорад. Онро бо ёрии Федератсияи Байнулмилалии Футбол барои 30 ҳазор тамошобин месозанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон варзишгоҳҳои хурду калони зиёде сохта шудаанд, вале чамани ин майдонҳо сунъист. Ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд, чун барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.
14 захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба ду вилояти Украина

Нерӯҳои Русия шаби 19 ба 20-уми август ба вилоятҳои Суми ва Одессаи Украина бо паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба задаанд.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар шаҳри Охтирка, дар ҷануби Суми, 14 кас захмӣ шуд. Дар миёни онҳо се кӯдак ҳаст.
Чанд манзили истиқоматӣ низ осеб дид.
Дар вилояти Одесса ба зербунёдҳои бандарии Измаил ҳамла шудааст.
Артиши Украина гуфт, нерӯҳои Русия дар шабонарӯзи гузашта ба қаламрави ин кишвар 93 ҳавопаймои бесарнишин ва ду мушаки дурпарвози Искандер-М сар доданд.
Ба иттилои ҷониби Украина, як мушак ва 62 ҳавопаймои бесарнишин сарнагун карда шуд.
"Ведомости": Эҳтимол Бастрикин раиси Додгоҳи олии Русия шавад

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки дар бештар аз як соли охир алайҳи муҳоҷирон борҳо гап задааст, эҳтимол раиси Додгоҳи олии ин кишвар бишавад.
Дар ин бора манбаъҳои нашрияи "Ведомости" хабар додаанд.
Пас аз марги раиси пешинаи Додгоҳи олии Русия, Ирина Подносова, ин мақом холист.
Подносова ҳамдарси президент Владимир Путин буд.
Як манбаи нашрияи "Ведомости" ҳам гуфтааст, бояд ин мансабро ягон шахси "боварбахш"-и Путин бигирад.
Александр Бастрикин 72-сола аст ва аз соли 2011 Кумитаи тафтишоти Русияро раҳбарӣ мекунад.
Трамп мегӯяд, Путин ба мулоқот бо Зеленский зид нест

Президенти Русия Владимир Путин барои мулоқот бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский розӣ шудааст. Дар ин бора Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо телевизиони Fox News хабар дод.
Хабаргузории "Франс Пресс" бо такя ба ду манбаи огоҳ навишт, Владимир Путин дар суҳбати охири телефониаш бо Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки вохӯрӣ бо президенти Украина дар Маскав баргузор шавад. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, Владимир Зеленский пешниҳоди вохӯриро дар Маскав рад кардааст.
Доналд Трамп дар суҳбат бо Fox News бори дигар ба ғайриимкон будани пазируфтани Украина ба узвияти НАТО ва бозгардондани нимҷазираи ишғолшудаи Қрим таъкид кард.
Трамп гуфт, ки баъди созиш Украина заминҳои зиёдро мегирад. Ишораи ӯ зоҳиран ба сарзаминҳои Украина аст, ки аз сӯи Русия ишғол шудаанд.
Дар доираи тарҳи кафолати амниятӣ ба Украина баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва Бритониё мехоҳанд нерӯҳои худро дар Украина ҷобаҷо кунанд.
Доналд Трамп гуфт, то вақте ӯ президенти Амрико аст Вашингтон неруҳои худро ба Украина намефиристад. Маскав қаблан ба ҳаргуна мустақар кардани неруҳои хориҷӣ дар Украина мухолифат карда буд.
Вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия кам шудааст

Дар пайи зиёд шудани амалиёти зидди муҳоҷирон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия имсол кам шудааст.
Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба омори Хадамоти марзбонии Русия навишт, дар нимаи аввали соли равон 825 ҳазор нафар аз Тоҷикистон вориди Русия шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 153 ҳазор нафар камтар аст.
Бар асоси маълумоти “Коммерсант”, вуруди узбекистониҳо низ ба Русия ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Пас аз ҳамла ба толори “Крокус” дар моҳи марти соли 2024, мақомоти Русия вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳоро мушкил карданд.
Дар як соли охир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон шикоят карданд, ки онҳоро бидуни сабаб аз фурудгоҳ баргардонданд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, рейдҳои зиёди пулис ва қонунҳои сахтгирона низ сабаби дилсардии онҳо аз Русия шудааст. Дар ним соли охир дар Русия зиёда аз 30 қонуни наве қабул шуд, ки маҳдудиятҳои зиёдеро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ намуданд.
Ҳалокати беш аз 70 нафар дар як садамаи нақлиётӣ дар Ҳирот

Бар асари бархӯрди як автобуси мусофиркаш бо як мошини борбар дар ғарби Афғонистон, дастикам 71 тан ҷон бохтанд.
Аҳмадуллоҳ Муттақӣ, сухангӯи волии ҳукумати Толион дар Ҳирот, гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи сешанбе рух дод ва боиси ҷон бохтани 71 тан, аз ҷумла, 17 кӯдак шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса замоне рух дод, ки автобуси мусофирбари ҳомили муҳоҷирони ихроҷшуда аз Эрон, дар масири Исломқалъа-Ҳирот, бо як мошини борбар бархӯрд ва оташ гирифт.
Муҳаммадюсуф Саидӣ, як мақомдор дар вилояти Ҳирот ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки ин автобус ҳомили афғонҳое буд, ки ахиран аз Эрон баргашта ва ба тарафи Кобул мерафтанд. Вай афзудааст, ки ҳамаи мусофирон дар гузаргоҳи Исломқалъа ба ин автобус савор шуда буданд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Олмон ин ҳодисаро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки қурбониёни он аз Эрон ихроҷ шуда буданд.
Пулиси Толибон дар ин минтақаи берун аз шаҳри Ҳирот, ҷойе ки ҳодиса рух додааст, гуфт, ки як моторсикл низ дар ин садама шарик будааст.
Кушташудагон мусофирони автобус будаанд, аммо ду мусофири мошини боркаш ва ду сарнишин моторсикл ҳам ҷон бохтаанд.
Пулиси Толибон дар эъломияе сабаби ин садамаи нақлиётиро суръати беш аз ҳад ва беэҳтиётии ронандаи автобус хондааст.
Сафири Туркия: Сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанбе гаронтарин аст

Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфтааст, барои поин бурдани нархи парвоз ба шаҳри Душанбе , бояд сӯзишвории ҳавопаймо арзонтар шавад.
Умут Аҷар 19-уми август дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад, ки ин ба нархи билети ҳавопаймо таъсир мекунад".
Сафири Туркия эълон кардааст, ки аз моҳи август ширкати "Туркиш Эйрлайнз" парвозҳои худро миёни Истанбул ва Душанбе зиёд кард. Дар ҳафтае панҷ бор.
Умут Аҷар бе овардани омори дақиқ танҳо навиштааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар нархи хидматрасонии фурудгоҳ сабукиҳое додаанд, ки арзиши билетро каме поён бурд.
Вале ба навиштаи ӯ, барои боз ҳам поин бурдани нархи билети ҳавопаймо, "коҳиши нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе", зарур аст.
Шикоятҳо аз гарон будани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе солҳои гузашта низ садо дода буд. Аз ҷумла, намояндагони ширкати “Тоҷик Эйр” чанд сол қабл гуфта буданд, тақрибан 40 дарсади хароҷоти онҳо барои сӯзишворӣ сарф мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон далел оварданд, ки сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.
Феълан аниқ нест, ки нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо дар Душанбе чӣ қадар аст. Панҷ сол пеш 1 тонна сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон бештар 1600 доллар буд.
Дар баъзе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон нархи сӯхти ҳавопаймо бамаротиб камтар аст.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, воридоти сӯхти ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" аст.
Моликони ин ширкат маълум нестанд.
Ҳимояти як эътилофи мухолиф аз изҳороти 8 созмон дар бораи Тоҷикистон

Як эътилофи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз баёнияи 8 созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар пуштибонӣ кардааст.
Ин созмонҳо рӯзи чоруми август марги чаҳор зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндон маҳкум ва аз саркӯби идомадори фаъолони помирӣ ибрози нигаронӣ карданд.
Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, рӯзи 18-уми август гуфт, “дар ҳамбастагӣ бо ҳашт созмони бонуфуз меистад ва нақзи фоҷиабори ҳуқуқи башар алайҳи мардуми Помирро маҳкум мекунад.”
“Мо бо шиддат талаби онҳоро барои гузарондани таҳқиқоти фарогир дар бораи ин ҷиноятҳои ваҳшатбор такрор намуда, пофишорӣ мекунем, ки гунаҳкорон бояд ба асоси қонунҳои байнулмилалӣ ҷавобгар шаванд,” – гуфта шудааст дар баёнияи Паймони миллӣ. Ин эътилоф аз се созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа иборат аст.
Ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар рӯзи чоруми август аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки таъқиби пайваста ва шиканҷаи ҳадафмандонаи помириҳоро поён диҳад ва ба фаъолони зиндонӣ аз Бадахшон ёрии пизишкии муносиб расонад.
Онҳо ҳамзамон аз кишварҳои узви Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва фаъолони байнулмилалӣ даъват карданд, ки Тоҷикистонро барои раҳоии помириҳо водор намоянд.
- Монеъ шудан ба нақши раҳбарии Душанбе дар нишастҳои бахшида ба обу иқлим;
- Ҳимояи паноҳҷӯёни помирӣ;
- Оғози таҳримҳои ҳадафманд;
- Манъи сафари мансабдорони баландпояи тоҷик, ки дар саркӯби мунтазам даст доранд;
- Ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар пайванд ба шикояти пешниҳодшуда алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ва барои ҷиноятҳои зидди башарият аз талабҳои дигари ҳомиёни ҳуқуқи башар аст. Ин шикоятро FFE, FUVI, ҲНИТ ва вакил Николас Линёл омода ва пешниҳод кардаанд.