Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯдакон ба куҷо раванд?" Минихонов аз фарзандони муҳоҷирон ҳимоят кард


Рустам Минихонов, президенти Ҷумҳурии Тотористон
Рустам Минихонов, президенти Ҷумҳурии Тотористон

Рустам Минихонов, президенти Ҷумҳурии Тотористони Русия, манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирони кориро дар Русия сахт танқид карда, онро "як қарори аҳмақона" номид.

Ӯ рӯзи 22-юми август дар як ҷаласаи идораҳои маорифи ҳукумати Тотористон гуфтааст, ки инҷо кӯдакон гунаҳкор нестанд ва бояд дар ин масъала эҳтиёткорона рафтор кард.

Хабаргузории "Татар-Информ" аз қавли Рустам Минихонов навиштааст, ки ҳоло дар Тотористон бештар аз 3 ҳазор фарзанди муҳоҷирон таҳсил мекунанд.

Қаблан матбуоти Тотористон хабар дода буд, ки ҳар даҳумин фарзанди муҳоҷирон имтиҳони ҳатмӣ аз забони русиро супурда натавонистаанд, ки оқибаташ роҳ наёфтан ба мактаб аст.

“Шумо чӣ гуна кӯдакро ба мактаб роҳ намедиҳад? Куҷо равад? Магар гунаҳкор аст, ки забонро намедонад? Ёд мегирад. Ҳамаи кӯдакон дар ду-се моҳ ёд мегиранд. Мушкиле нест. Ин чӣ аҳмақист. Бояд эҳтиёт кард, вай кӯдак аст, гуноҳе надорад,” – афзудааст ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Минихонов аз кӯдакони муҳоҷирон дар Русия ҳимоят кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Рустам Минихонов дастур додааст, барои бачаҳое, ки забони русиро намедонанд, давраҳои забономӯзӣ ташкил кунанд. Раисҷумҳури Тотористон ҳамчунин гуфтааст, ки Русия ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад, зеро онҳо "нерӯи кори"-и Русия ҳастанд.

Русия аз моҳи апрели имсол қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб дигар кард. Ҳоло бояд бачаҳои муҳоҷирон аз забони русӣ имтиҳони ҳатмӣ супоранд ва қонунӣ будани иқомати худ дар Русияро нишон бидиҳанд.

Вакилони Тотористон қабл аз қабули қонун дар Дума мухолифати худро ба он баён карда буданд. Ҳангоми қабули ин қонун Михаил Матвеев, яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатӣ аз ҷумла чунин гуфта буд: "Шашсад ҳазор дар марказҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳои мо дайдугӣ мекунанд, галла-галла мегарданд, ба кӯдакону калонсолон ҳамла мекунанд, майдончаҳои бозии кӯдаконро террор мекунанд.”

Волидони тоҷики муқими Русия дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, бе қоидаҳои нав ҳам ба мактаб додани фарзандон бисёр сахт буд. Мақомот ба ҳадде санади зиёд талаб мекунанд, то ки худи муҳоҷир дилсард шуда бачаро ба мактаб надиҳад.

XS
SM
MD
LG