Ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ, бе навбат гирифтани замин ва халосӣ аз обунаи маҷбурии нашрияҳо аз имтиёзҳои асосиест, ки ҳукумат барои боло бурдани мақоми омӯзгорон дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Дар мактабҳои Тоҷикистон қариб 4 ҳазор муаллим намерасад. Бархе бо сабаби камии маош тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтаанд, баъзеи дигар аз санҷишҳои зиёди мақомоту муносибати мардум дилсард шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар фикри боло бурдани мақоми омӯзгорон аст ва ба ҳамин далел ба онҳо чанд имтиёз доданист. Тарҳи пешниҳодҳо барои баррасӣ ва қабул дар аввали моҳи август ба Маҷлиси Намоядагон фиристода шудааст. Радиои Озодӣ матнашро рӯзи 22-юми август дид.
Яке аз имтиёзҳои асосӣ ин аст, ки омӯзгорони мард дар давраи кор дар мактаб ҳақ доранд, хидмати ҳарбии ҳатмиро ба таъхир гузоранд. Дар солҳои пеш чанд шикоят расонаӣ шуда буд, ки омӯзгорони ҷавонро аз мактаб рост ба артиш бурданд ва ин ба ҷараёни таҳсили хонандагон осеб расондааст.
Дар лоиҳаи қонун дар бораи мақоми омӯзгор гаштаву баргашта навиштаанд, ки омӯзгорон набояд ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хидмати ҳарбӣ, ҷамъоварии пул барои андозу обунаи нашрияҳо, фурӯши билети чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои деҳқонӣ ҷалб карда шаванд. Маълум нест, ин муқаррарот то куҷо риоя мешавад.
Пештар омӯзгорон аз чанд минтақаи Тоҷикистон шикоят карданд, ки онҳоро ба рӯбучини атрофи мактаб ва кӯчаҳо даъват мекунанд.
Бар асоси тарҳи нави қонун, таҷрибаи гирифтани қисме аз маоши омӯзгорон “барои обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, билети чорабиниҳои фарҳангӣ, корҳои ободонии муассисаи таълимӣ” бояд манъ шавад. Ҳадди ақал ду омӯзгор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бе ризоят ва хоҳиши онҳо ҳар моҳ аз маошашон пули обуна ба рӯзномаҳои давлатӣ ситонда мешавад.
Бе навбат гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳот, озод будан аз пардохти молиёти замину хона ё пардохти пули иҷора барои омӯзгороне, ки аз ҷои зисти худ ба минтақаи дигар мераванд, имтиёзҳои дигар барои муаллимон будааст. Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ё олимпиадаҳо мақомҳои ифтихорӣ мегиранд, 20 дарсад маоши зиёдтар хоҳанд гирифт.
Дар сурати қабули қонун омӯзгорон ҳақ пайдо мекунанд, “шахсонеро, ки ба раванди таълиму тарбия дахл надоранд, ба дарс роҳ надиҳанд.” Дар ивази ин имтиёзҳо ҳукумат ба омӯзгорон чанд вазифа ҳам додааст. Аз ҷумла, муаллимон ҳақ надоранд, ки ҳангоми дарс “ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ” иҷозат диҳанд “ва хонандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ” водор кунанд.
Рӯшан нест, ин банди қонун ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки раисаш президент Эмомалӣ Раҳмон аст, дахл дорад ё не. Солҳои охир ҳизбҳои мухолиф аз саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон ронда шуда, танҳо ҳизби ҳоким дар ниҳодҳои давлатӣ ва мактабу маконҳои фарҳангӣ ба таблиғ машғул аст.
Тарҳи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” бо эҳтимоли зиёд дар моҳи октябри имсол, яъне пас аз бозгашти вакилони Маҷлиси Намояндагон аз таътил баррасӣ шавад. Мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки ҳадаф аз қабули қонун боло бурдани мақоми омӯзгор ва ҳалли душвории мактабҳои муҳтоҷи муаллим аст.
Шикоят аз вазъи бади маорифи Тоҷикистон, музди кам дар соҳа, беқадрии муаллим, бадрафторӣ бо омӯзгор дар мактаб солҳо боз идома дошт. Дар ҳоли ҳозир музди миёнаи як муаллим дар Тоҷикистон бештар аз 1600 сомонӣ ё ҳудуди 150 доллар аст, ки музди бисёр кам ба ҳисоб меравад. Қарор аст аз моҳи сентябр маоши омӯзгорон сӣ дарсад бештар шавад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар мактабҳо зиёда аз 130 ҳазор омӯзгор кор мекунанд ва аксари онҳо, яъне бештар аз 86 ҳазор нафар занон ҳастанд.