Гуруҳе аз блогерон ва рӯзноманигорони водии Фарғона аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, дар бораи таҷрибаашон суҳбат карданд. Ин аввалин дидори хабарнигорони водии Фарғона аз замони муноқиша дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Ҳадаф аз ин ҳамоиш, ки аз сӯи созмони ғайрикуматӣ ташкил шудааст, қавитар кардани ҳамкорӣ миёни рӯзноманигорони се кишвари Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.
Хабарнигорон аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон гуфтанд, ки ҷанҷолҳои марзӣ ва баста будани сарҳад дар гузашта ба муносибати рӯзноманигорони се кишвар бетаъсир намонда буд.
Фирӯза Мирҷумъаева, хабарнигори маҳаллӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, "тамоман робитаро гум карда будем."
"Дар хотир дорам, вақте ба ягон нишасти байнулмилалӣ мерафтем, ҳодисаҳои марзӣ чунон таъсир карда буд, ки рӯзноманигорони тоҷику қирғиз бо ҳам салом намекардем. Ҳарчанд мо дар кишварҳои худамон рисолати хабарнигориямонро иҷро мекардем. Ман фикр мекунам, акнун мо бояд бештар бо ҳам вохӯрем”, - гуфт Мирҷумъаева.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар нишасти Хуҷанд, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, зиёда аз 20 рӯзноманигор ва блогер ҷамъ омаданд. "Кӯшишҳои муштарак, роҳ ба сӯйи рушди устувор дар Осиёи Марказӣ" шиорашон буд.
Созмондиҳандагон гуфтанд, ки дар рангин шудани муносибати мардуми се кишвари водии Фарғона нақши рӯзноманигорону блогерон барҷаста аст.
Абдумуталиб Шарифов, ҳамоҳангсози лоиҳа мегӯяд, ҳадафи асосӣ "ҳамзистии осоишта аст".
"Вақте мо ҳамзистии осоишта ва пешбурди фарҳанги сулҳ гуфтем, бе назардошти нақши рӯзноманигорони водии Фарғона ва се кишвари ҳамсоя ин имконнопазир аст. Аз ин нуқтаи назар, мо хостем рӯзноманигорони Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистонро гирди ҳам биоварем".
Аммо ин дафъа хабарнигорон на дар бораи ҷанҷолу мушкилӣ дар марзи се кишвари водии Фарғона, балки бештар аз комёбиҳо гап заданд.
Даяна Данияр-қизӣ, рӯзноманигор аз Қирғизистон, гуфт, мехоҳанд пайванду ваҳдати мардуми минтақаро нишон диҳанд.
Ин рӯзноманигори қирғиз дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мавзӯи сарҳад бисёр ҳассос аст. Ман дар ҳайрат будам, ки чӣ хел дар ин масъала мавзӯи мусбат ёфтан мумкин аст. Ба мо ҳангоми омӯзиш ҳамкасбонамон гуфтанд, ки метавонем дар бораи корҳои муваффақомез дар марз гузоришҳо таҳия кунем ё дар бораи ободкориву ҳашарҳои дастҷамъонаи сокинони ду ҷониби марзнишин бигӯем. Яъне иттиҳоди мардуми минтақаро нишон диҳем".
Тоҷикистону Узбекистон дастикам то соли 2016 бо якдигар муносибати хуб надоштанд. Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низ аз соли 2021 то баҳори имсол баста буд.
Ба андешаи рӯзноманигорону блогерон, ҳоло эҷодкорони се минтақа бояд зери як чатр ҷамъ оянд, то дар натиҷаи бозтоби мавзуъҳо мардуми водӣ бори дигар ҳамдигарро "хубтар" кашф кунанд.
Озод Мелибоев, рӯзноманигор аз вилояти Суғд мегӯяд, давоми солҳои ахир "бисёр сардиҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ буд ва мардуми се кишвар то андозае аз якдигар дур шуданд. Бинобар ин, дар ин ҳолат хуб мешавад агар лоиҳаҳое бошад, ки рӯзноманигоронро дар водии Фарғона ба ҳам биёрад. Онҳо аз наздик ҳамкорӣ кунанд".
Тарҳи ба ҳам омадани хабарнигорони се кишвари водии Фарғонаро Иттиҳоди Аврупо ва Олмон сармоягузорӣ кардаанд. Интизор меравад, ин дафъа рӯзноманигорону блогерон дар Қирғизистон ва Узбекистон ҷамъ оянд.
Баъзе аз мунтақидон мегӯянд, иштирокдорони ин тарҳ набояд ба мисли расонаҳои давлатӣ танҳо "балегӯӣ" кунанд, балки бештар ба бозтоби душвориҳои мардум ва ҳалли мушкилоти онҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ низ иқдом намоянд.
Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки дар гузашта бар сари таъйини сарҳаду тақсими об баҳс доштанд, рӯзи 31-уми март созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишварро имзо карданд.
Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои ҳамдигар мушкил доштанд. Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.