Дар чанд ҷумла
Баҳси корманди "Эсхата" ва рӯзноманигори тоҷик

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ноиби Трамп: Русия қаламрав мехоҳад, Украина кафолати амниятӣ

Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳиба бо телевизиони "Fox News" талабҳои асосии Украина ва Русияро дар мавриди созиши эҳтимолии сулҳ баён дошт.
Ба қавли вай, Украина пеш аз ҳама ба кафолати амниятӣ пофишорӣ дорад, то Русия дар оянда ба таҷовузи худ ба хоки ин кишвар идома надиҳад.
Русия, тавре ноиби президенти Амрико гуфт, талош дорад, ки қаламравҳои бештари Украинаро дар ихтиёр дошта бошад.
Венс мегӯяд, дар бештар аз се соли ҷанг тарафҳо бори аввал тақозоҳои худро ба таври муфассал баён карданд ва акнун метавонанд барои ҳалли он кор кунанд.
Тавре муовини Доналд Трамп гуфт, Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки раҳбарони Украина ва Русия Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонанд ҳатто қабл аз ҳосил шудани созиши ниҳоӣ мулоқот кунанд.
“Баъзан вохӯрии рӯ ба рӯи роҳбарон метавонад, ки роҳи раҳоиро аз бунбаст боз кунад. Чизе, ки зердастони онҳо қодир нестанд,” – афзуд ӯ.
Боздошти чор нафар барои афзоиши нархи гӯшт дар Қирғизистон

Мақомоти амниятии Қирғизистон барои афзоиши нархи гӯшт дар ин кишвар чор нафар, аз ҷумла муовини вазири хоҷагии обу қишлоқро дастгир кардаанд. Боздошти онҳо рӯзи 20-уми август сурат гирифт.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дастгиршудаҳоро дар як нақшаи коррупсионӣ барои содироти чорво ба кишварҳои ҳамсоя гумонзад донист. Чизе, ки ба бовари онҳо “сабаби болоравии нархи гӯшт дар Қирғизстон гаштааст”.
Баъди ин, ҳукумати Қирғизистон муваққатан содироти чорворо боздошт. Қарорро раиси Девони вазирон Одилбек Қосималиев имзо кардааст. Иҷрои он аз 21-уми август сар шуд.
Ҳадафи қарорро таъмини амнияти хӯрокворӣ дар Қирғизистон ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи гӯшт номидаанд.
Тайи моҳҳои охир нархи гӯшт дар Қирғизистон якбора боло рафтааст.
Вазъи ба ҳамин монанд чанд сол боз дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мақомоти тоҷик талаботи зиёди мардум ва чорводорон гаронии хӯроки гову гӯсфандро аз сабабҳои асосии қиматии гӯшт медонанд.
То кунун чандин нафар бо гумони ба таври сунъӣ боло бурдани нархи гӯшт дар Тоҷикистон боздошту ҷарима шудааст.
Мансабдори гумонзад ба ришвагирӣ бо ҷарима озод шудааст

Додгоҳе дар вилояти Суғд як мансабдорро, ки ба гирифтани 100 ҳазор сомонӣ "пора" дастгир шуда буд, бо пардохти ҷарима озод кардааст.
Намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд аввали моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфтанд, Эгам Ҳайдарзода барои додани қитъаи замин ба як шаҳрванд аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ ришва гирифтааст. Мақомот гуфтанд, раиси ҷамоат ба воситаи як зердасташ ин корро кардааст.
Назари Ҳайдарзода ба иттиҳом маълум нест.
Намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфта буданд, ба зидди Эгам Ҳайдарзода барои "гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон" (қисми чори моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардаанд.
Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз 7 то 12 сол зиндон пешбинӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Азия-Плюс", Додгоҳи шаҳри Конибодом Эгам Ҳайдарзодаро танҳо ҷарима бастааст.
Манбаъ мегӯяд, Эгам Ҳайдарзода дар ҳоли ҳозир дар Русия аст. Вай 12 соли охир раиси ҷамоати "Ориёно"-и ноҳияи Ашт будааст.
Фасод, яъне гирифтани "пора" ва дуздии пулҳои давлат аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад. Сокинон борҳо шикоят кардаанд, ки бе додани ришва корашон дар идораҳои давлатӣ саривақт анҷом намешавад.
Як мошини барқӣ дар Варзоб ба дарё афтодааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳодисаи сарозер шудани як мошини барқӣ ба дарёи Варзобро шарҳ дод.
Ҳодиса нимашаби 20-уми август дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух дода, навори он 21-уми август ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Ба иттилои расмӣ, сокини 38-солаи пойтахт аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо мошин ба дарёи Душанбе сарозер шудааст. Дар дохили нақлиёт ба ҷуз ронанда, ду нафари дигар ҳам будаанд.
Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, наҷотдиҳандагон ронанда ва як мусофири 20-соларо наҷот додаанд. Мусофири дуввум як марди тахминан 55 сола ғарқ шудааст ва ҷасадашро ҷустуҷӯ доранд.
Дар ҳафтаи равон ин дуюмин ҳодисаи ба дарё афтидани мошинҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мебошад.
Шоми 17-уми август як мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба дарё афтид ва ягона масир ба шимоли кишвар қариб ду соат баста шуд.
Ҳодиса дар деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ду нафар дар дохили мошини боркаш буданд ва сарнавишти баъдии онҳо маълум нашуд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ аз сӯи ширкати IRS нигаҳдорӣ мешавад ва ширкат барои ин кораш аз ронандагон маблағ мегирад. Молики IRS маълум нест.
Боздошти ду зани тоҷик дар Русия барои бурдани ҳазориспанд

Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки ду зани тоҷик барои бурдани гиёҳи ҳазориспанд ба Русия боздошт шуда, яке аз онҳо ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст.
Аввали моҳи август дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё як зани ҷавон аз Тоҷикистон ба Русия ҳазориспанд бурда, дар фурудгоҳ дастгир шудааст. Аммо ному насаби ин зан ва кай маҳкум шуданаш маълум набуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон 21-уми август дар хабарномае навишт, "ду нафар зани тоҷик, ки бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ҳазориспанд"-ро ба Русия бурда буданд, дар фурудгоҳ дастгир ва "ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд".
Додситонӣ гуфтааст, яке аз ин занҳо барои интиқоли маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ ва гузарондани растании дорои маводи мухаддир аз марзи Русия, ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Сарнавишти зани дигар маълум нест.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ду зане, ки барои бурдани ҳазориспанд ба Русия дастгир шудаанд маълумоти зиёд надодааст.
Додситонӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки ҳангоми сафар ба Русия бо худ гиёҳи ҳазориспандро нагиранд, чун ин кор боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мешавад.
Мақомоти Русия моҳи феврали соли 2024 ҳазориспандро ба рӯйхати растаниҳои "дорои маводи мухаддир" ворид карданд.
Дар тибби халқӣ дар Тоҷикистон ҳазориспандро барои табобати баъзе бемориҳо фоидаовар медонанд.
Ҳамлаҳои Русия ба минтақаҳои ғарбии Украина. Талафоту вайронӣ ҳаст

Русия дар соатҳои аввали рӯзи 21-уми август бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина зарба задааст.
Ҳадафи ҳамла асосан минтақаҳои ғарбии ин кишвар будаанд, аз ҷумла шаҳрҳои Лвов ва Мукачево.
Дар Лвов як нафар кушта шуда, дастикам се кас ҷароҳат бардоштаанд. Зиёда аз 20 бинои истиқоматӣ ва иншооти дигари шаҳрвандӣ низ зарар диданд.
Русия ба шаҳри Мукачево, ки дар минтақаи Закарпатия ва дар наздикии сарҳад бо Маҷористону Словакия ҷойгир аст, низ зарба задааст.
Дар онҷо 15 кас захмӣ шуда, як корхонаи саноатӣ оташ гирифт.
Ин зарбаҳо дар ҳоле зада шудаанд, ки созиши эҳтимолии сулҳ миёни Русия ва Украина ва мулоқоти эҳтимолии раҳбарони ду кишвар баррасӣ мешавад.
Бинои нави Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон

Бинои нави Донишкадаи исломиро, ки барои дуним ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст, рӯзи 21-уми август дар Душанбе ба истифода доданд. Сохтмонаш соли 2019 сар шуда буд.
Донишкадаи исломӣ ба ҷуз аз ҳуҷраҳои дарсу хоб осорхона низ дорад. Мақомот гуфтанд, дар онҷо нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори донишмандони тоҷикро ба намоиш гузоштаанд.
"Нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ низ ҷой дода шудаанд,” – гуфта шудааст дар хабарномаи вебсайти президент.
Донишкадаи исломӣ дар ҳоли ҳозир танҳо маркази таълими динӣ дар Тоҷикистон аст. Қаблан 19 мадраса вуҷуд дошт, вале мақомот аз соли 2011 ба ин сӯ дари онҳоро бастанд.
Барои таълими динии беиҷоза дар Тоҷикистон аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то се сол зиндон таъин шудааст.
Мақомот кори худро дурусту қонунӣ медонанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста барои маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон, аз ҷумла маҳдуд кардани омӯзиши динӣ танқид мекунанд.
Артиши Исроил гуфт, сарбозон дар канораҳои Ғазза ҷойгир шудаанд

Артиши Исроил рӯзи 20-уми август аз оғози амалиёт барои тасарруфи шаҳри Ғазза эълон дод. Эффи Дефрин, сухангӯи артиши Исроил, гуфт, сарбозон ҳоло дар канораҳои шаҳри Ғазза ҷойгир шудаанд. Шаҳре, ки ба қавли ӯ “такягоҳи ҳукуматӣ ва низомии террор”-и “Ҳамос” аст.
Дар ҳамин рӯз артиши Исроил гуфт, ки даҳҳо ҳазор сарбози навро барои омодагӣ ба амалиёт ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват мекунад. Фаластиниён дар Ғазза аз ин хабар бисёр ғамгин шудаанд, чун мегӯянд, умедвори оштӣ буданд.
Бо вуҷуди эълони оғози амалиёт дар шаҳри Ғазза ҳукумати Исроил гуфт, ки пешниҳоди навро барои созиши оташбас дар ҷанги тақрибан дусола баррасӣ дорад.
Созмони “Ҳамос” ин тарҳи пешниҳодии миёнҷигарони арабро барои созиши оташбаси 60-рӯза пазируфтааст. Бар асоси он “Ҳамос” бояд гаравгонони боқимондаи исроилиро озод кунад ва Исроил зиндониёни фаластиниро раҳо намояд.
“Ҳамос”, ки Амрикову Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, дар як паёме дар Телеграм Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро ба он муттаҳам кард, ки монеи созиши оташбас мешавад, то ба қавли “Ҳамос” “ҷанги золимона ба зидди мардуми бегуноҳи шаҳри Ғазза”-ро идома диҳад.
Бисёре аз ҳампаймонҳои наздики Исроил аз ҳукумат хостаанд, ки аз амалиёт дар шаҳри Ғазза даст кашад. Бенямин Нетаняҳу, ки таҳти фишори баъзе аз ростгароҳои ифротӣ дар ҳукумати эътилофиаш мондааст, тарҳи созиши муваққати оташбасро напазируфтааст ва ҷангро идома медиҳад.
Ҳукумати Исроил гуфтааст, ки “Ҳамос” бояд 50 гаравгони боқимондаи яҳудиро якҷо раҳо кунад. Ба бовари мақомоти исроилӣ, фақат 20 нафари онҳо шояд зинда бошанд. Ҳамос гуфтааст, ки дар сурати қатъи ҷанг ҳамаи гаравгонро озод мекунад. Исроил мегӯяд, то замоне ки “Ҳамос” халъи силоҳ нашавад, ҷангро бас намекунад.
Баҳси гарон будани сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанбе. Шарҳи сафир

Сафири Туркия дар Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти фурӯши сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро дар Душанбе нашр карда, бори дигар таъкид намуд, ки барои поён бурдани нархи билет, бояд сӯзишворӣ арзонтар шавад.
Умут Аҷар, сафири Туркия 20-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ширкати "Туркиш эйрлайнз" як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе 1780 доллар мехарад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.
Умут Аҷар бо нашри ин омор навиштааст, "агар нархи сӯзишвории авиатсионӣ поин равад, нархи чиптаҳои ҳавопаймо низ поин хоҳад рафт".
Дар ин ҳафта ин бори дуюм аст, ки Сафири Туркия масъалаи гарон будани нархи сӯзишвории ҳавопаймоҳоро дар Душанбе мебардорад.
Умут Аҷар 19-уми август дар саҳифааш дар "Фейсбук" навишт, "дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад, ки ин ба нархи билети ҳавопаймо таъсир мекунад".
Мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфҳои Сафири Туркия ягон вокуниш накардаанд. Намояндагони ширкати таъмини сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, воридоти сӯхти ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" аст. Моликони ин ширкат маълум нестанд.
Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз таълими ғайриқонунии динӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ аз таълими ғайриқонунии динӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши расонаҳои расмӣ, шаҳрдори Душанбе 19-уми август дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо гуфтааст, 80 дарсади онҳое, ки ғайриқонунӣ таълими динӣ гирифтаанд, ҷавонони то 30-сола мебошанд.
Аммо дар иттилоияи расмӣ шумораи ин афрод зикр нашудааст ва ҳам гуфта нашудааст, ки барои ғайриқонунӣ таълими динӣ додан чанд кас ҷазо гирифт.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, гирифтани таълими динӣ танҳо дар муассисаҳои расмӣ ва назди волидайн иҷозат аст.
Дар Тоҷикистон гирифтани таълими расмии динӣ танҳо дар Донишкадаи исломӣ дар Душанбе имконпазир аст, ки шумораи донишҷӯёни он ҳам кам аст. Тақрибан ҳамаи мадрасаҳое, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо фаъол буданд, солҳо пеш бо далели иҷоза нагирифтан аз Вазорати маориф, баста шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд. Аммо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон борҳо ин гуна танқидҳоро рад карда, гуфтаанд, озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар таъмин аст.
Хабарнигорон борҳо дар нишастҳои хабарии Кумитаи дин ва танзими анъана пурсиданд, ки вақте ҳама мактабҳои динӣ ё ба истилоҳ мадрасаҳо баста шудаанд, мардум дар куҷо расман таълими динӣ гиранд? Посухи намояндагони Кумитаи дин ба ин суол норӯшан будааст.
Володин: Қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия “кам шуд”

Раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, имсол теъдоди фарзандони муҳоҷирони корӣ, ки ба мактабҳои ибтидоӣ ва миёна қабул шуданд, назар ба гузашта бисёр кам аст.
Вячеслав Володин рӯзи 20-уми август дар баёнияе сабаби коҳишро қабули қонуне донист, ки бачаҳои муҳоҷиронро бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия роҳ намедиҳанд.
Ӯ шумораи дақиқеро наовард, вале гуфт, масалан дар вилояти Нижегород аризаҳои муҳоҷирон барои қабули фарзандонашон ба мактаб 10 дар сад ва дар вилояти Воронеж 7 дар сад кам шудааст.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав дар соли 2024, ки мақомоти интизомии Русия аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро ба тарҳрезиву анҷоми он гумонбар медонанд, президенти Русия Владимир Путин хост, сиёсати муҳоҷиратро бознигарӣ кунанд.
Аз он замон то кунун Думаи давлатӣ бештар аз сӣ қарору қонуне қабул кардааст, ки кору зиндагӣ дар Русияро барои муҳоҷирони корӣ маҳдуд ва ё душвор мегардонад.
Дар садамаи як автобуси муҳоҷирон дар Ҳирот даҳҳо кас ҷон бохтаанд

Теъдоди қурбониёни садамаи як автобуси муҳоҷирони афғонистонии бозгашта аз Эрон дар вилояти Ҳирот ба тақрибан 80 нафар расидааст.
Мақомоти Ҳирот гуфтанд, ки дар натиҷаи бархӯрдани ин автобус бо ду мошин, аз ҷумла мошини ҳомили сӯзишворӣ, дар ноҳияи Гузора 19 кӯдак ҳам ҷон бохтанд.
Фалокат дар вилояти Ҳирот рӯзи сешанбе дар замоне рух дод, ки ихроҷи паноҳҷӯён ва муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрону Покистон ҳамчунон идома дорад
Сӯхтор дар Варзишгоҳи сохтмонаш нотамоми Душанбе

Дар Варзишгоҳи нави Душанбе, ки сохтмонаш ҳанӯз ба поён нарасидааст, рӯзи 20-уми август сӯхтор сар зад.
Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, қисмати поёнии варзишгоҳ оташ гирифтааст.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дуди сиёҳу ғафс аз маҳалли сохтмони варзишгоҳ берун меояд.
Идораи оташнишонии пойтахт дар баёнияе гуфт, ки "сӯхтор дар қуттиҳои чӯбини масолеҳи сохтмонӣ" сар зада, ҳоло хомӯш карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, қуттиҳо холӣ буданд ва ҳеч зараре нарасид.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи чоршанбе талош карданд, ки вазъро аз наздик бинанд, вале онҳоро барои сабти ҷойи ҳодиса ба дохили варзишгоҳ роҳ надоданд.
Сохтмони Варзишгоҳи нави Душанбе аз соли 2019 ҷараён дорад. Онро бо ёрии Федератсияи Байнулмилалии Футбол барои 30 ҳазор тамошобин месозанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон варзишгоҳҳои хурду калони зиёде сохта шудаанд, вале чамани ин майдонҳо сунъист. Ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд, чун барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.
14 захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба ду вилояти Украина

Нерӯҳои Русия шаби 19 ба 20-уми август ба вилоятҳои Суми ва Одессаи Украина бо паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба задаанд.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар шаҳри Охтирка, дар ҷануби Суми, 14 кас захмӣ шуд. Дар миёни онҳо се кӯдак ҳаст.
Чанд манзили истиқоматӣ низ осеб дид.
Дар вилояти Одесса ба зербунёдҳои бандарии Измаил ҳамла шудааст.
Артиши Украина гуфт, нерӯҳои Русия дар шабонарӯзи гузашта ба қаламрави ин кишвар 93 ҳавопаймои бесарнишин ва ду мушаки дурпарвози Искандер-М сар доданд.
Ба иттилои ҷониби Украина, як мушак ва 62 ҳавопаймои бесарнишин сарнагун карда шуд.
"Ведомости": Эҳтимол Бастрикин раиси Додгоҳи олии Русия шавад

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки дар бештар аз як соли охир алайҳи муҳоҷирон борҳо гап задааст, эҳтимол раиси Додгоҳи олии ин кишвар бишавад.
Дар ин бора манбаъҳои нашрияи "Ведомости" хабар додаанд.
Пас аз марги раиси пешинаи Додгоҳи олии Русия, Ирина Подносова, ин мақом холист.
Подносова ҳамдарси президент Владимир Путин буд.
Як манбаи нашрияи "Ведомости" ҳам гуфтааст, бояд ин мансабро ягон шахси "боварбахш"-и Путин бигирад.
Александр Бастрикин 72-сола аст ва аз соли 2011 Кумитаи тафтишоти Русияро раҳбарӣ мекунад.